Аз соли оянда 30% аз маблағи умумии андозу боҷҳои рӯйпӯшкардашуда (камтар нишондодашуда), фоизу ҷаримаҳо аз он, ки ошкор карда мешаванд, ба Кумитаи андоз ва Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон дода мешаванд.

Дар Буҷети давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2021 қайд мешавад, ки ин амал, аз ҷумла барои ҳавасмандсозии кормандони мақомоти андоз ва гумрук, инчунин таҳкими заминаи моддӣ-техникии ин ниҳодҳо роҳандозӣ мегардад.

Ин меъёрҳои қонун танҳо ба андози иҷтимоӣ, реҷаи махсуси андозбандӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ дахл надошта, рӯйпӯшкунӣ дар онҳо дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ ошкор карда мешавад.

Кумитаи андоз қаблан чандин маротиба дар бораи ҳолатҳои ошкор кардани рӯйпӯшкунии андозҳои чандинимиллионӣ, аз ҷумла пас аз санҷиши операторони алоқаи мобилӣ маълумот дода буд.

Ҳаҷми воридоти маблағ аз пардохти андоз дар буҷети соли оянда 18,8 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 68% аз ҳаҷми умумии қисмати даромади буҷетро ташкил медиҳад.

Нисбат ба буҷети соли ҷорӣ, соли оянда ба маблағи 890 млн сомонӣ (5%) зиёд кардани ҳаҷми воридоти маблағ ба буҷет аз пардохти андоз ба нақша гирифта шудааст.

Афзоиши ҳаҷми воридоти маблағ аз пардохти андоз ба буҷет аз ҳисоби зиёд кардани ҷамъоварии андозҳои зерин пешбинӣ шудааст:

- ААИ: 7 млрд. 666 млн сомонӣ (афзоиш дар муқоиса бо буҷети соли 2020 - 4,7% ё худ 344 млн. сомонӣ);

-  аксиз: 680 млн сомонӣ (афзоиш дар муқоиса бо буҷети соли 2020  - 10,6% ё худ 65 млн. сомонӣ);

- андоз аз фоида: 2,1 млрд. сомонӣ (афзоиш дар муқоиса бо буҷети соли 2020 - 2,7% ё худ 53 млн. сомонӣ);

- андоз аз даромад: 2,3 млрд. сомонӣ (афзоиш дар муқоиса бо буҷети соли 2020 - 6,6%  ё худ 146 млн. сомонӣ).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.