Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз дар маросими ба истифода додани ҶДММ «Комбинати орди Душанбе» дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт иштирок карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, комбинат зиёда аз 30 соли охир бо сабаби кӯҳнаву фарсуда шудани хатҳои истеҳсолӣ аз фаъолият бозмонда, акнун бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат ва ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бо тарҳи муосиру замонавӣ таъмир гардид.

Гуфта мешавад, масоҳати умумии “Комбинати орди Душанбе” 4 гектарро дар бар гирифта, бо харҷи беш аз 50 млн сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ пурра таҷдиду навсозӣ шуд.

“Сохтмон, таҷдид ва навсозии биноҳои мавҷуда имкон дод, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ширкатҳои бонуфузи Аврупо ва “КОФКО Инжинеринг ва Менеҷмент”-и Чин хатҳои истеҳсолии нав харидорӣ ва васлу насб карда шавад”, - қайд мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки акнун комбинат ба коркарди 400 тонна гандум дар як шабонарӯз ва истеҳсоли 10 навъи орд имкон дошта, дар он ҳамчунин истеҳсоли сабӯс, маснуоти макаронӣ, нонӣ ва қаннодӣ ба роҳ монда шудааст.

1/9

Дар маросим иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе мағозаҳои фирмавии “Комбинати орди Душанбе” ба фаъолият оғоз мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.