Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистонн ба шаҳодатнома бобати бақайдгирии истеҳсолкунандагони Тоҷикистон дар низоми REX (Registered Exporter System) соҳиб шуд.

Иҷозатномаи роҳ ёфтан ба бозори Аврупо алҳол ба 6 корхонаи Тоҷикистон дода шуд: КМ «Ҷавонӣ», ҶДММ «Ваҳдат Текстил», ҶДММ «Меваю Сабзавот», «Аввалин», «Абрикос & Компания» ва «Органик Ярн». Ба ҳамаи онҳо сертификатҳо (гувоҳномаҳо)-и дахлдор дода шуд.

“Тоҷикистон ифтихор мекунад, ки дар чунин шароит ва давраи душвор ба гирифтани сертификати ин низом муваффақ шуд ва барои роҳ ёфтани 6 корхонаи ватанӣ ба бозори Аврупо шароит фароҳам овард. Умедворем, ки дигар ширкатҳои ватанӣ низ ба ин низом мепайванданд”, - гуфтааст дар ин робита директори Агентӣ Шавкат Бобозода.

Корхонаҳои дар низоми REX сабтшуда зимни ворид кардани маҳсулоти худ ба бозорҳои Аврупо 10% ттахфиф мегиранд.

Пас аз гирифтани рақам ширкатҳо пешакӣ ҳамаи маълумотро дар бораи маҳсулот ба низом мефиристанд. Сипас бо имзои созишнома онҳо биднуи мушкилот молу маҳсулоти худро ба Аврупо бурда метавонанд.

Тавре сомонаи расмии Агентӣ хабар медиҳад, низоми содиркунандагони сабтшудаи Иттиҳоди Аврупо тартиби сертификати пайдоиши мол буда, мутобиқи принсипи худсертификатсияи субъектҳои содироткунанда ба роҳ монда мешавад.

Низоми мазкур ҷиҳати соддагардонии расмиёти савдо такон бахшида, ба кам кардани хароҷоти вақт ва маблағҳои вобастаи амалиётҳои содиротии субъектҳои содироткунанда мусоидат менамояд.

Айни замон пешбурди кори Низом дар Тоҷикистон дар Агентии содироти назди ҳукумат ба роҳ монда шуда, содироткунандагон метавонанд аз имкониятҳои низоми мазкур истифода намоянд.

Тибқи арзёбии Шавкат Раҳимов, муовини директори корхонаи “Ҷавонӣ”, пайвастшавии ширкат ба ин низом ҷиҳати коҳиши хароҷоти расмиёти гумрук ба андозаи 12% имкон медиҳад.

Тоҷикистон пас аз Ӯзбекистону Қирғизистон сеюмин кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки корхонаҳояш ба низоми REX дастрасӣ пайдо карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.