Дар назди бозори  “Сомон”-и вилояти Суғд  мағозае кушода шудааст, ки дар он нархи  либосу пойафзолро шумо на аз рӯйи арзиши маҳсулот, балки бар асоси вазни он пардохт мекунед. Арзиши як килограмм либос 160 сомонӣ ва як килограмм пойафзол 110 сомонӣ муайян шудааст. 

Ин мағоза “Секонд ҳенд” ё “Дасти дуюм” ном дошта, 30 дарсади моли он  нав мебошад. Тавре ки масъулони мағоза мегӯянд, либосҳое, ки дар ин ҷо фурӯхта мешаванд, сифати хуб дошта, аксаран истеҳсоли брендҳои маъруфи ҷаҳонӣ мебошанд. Ба мағоза асосан либосҳо аз кишварҳои хориҷ, ба вижа  Олмон оварда мешавад. Маълумоти бештарро дар ин навор бубинед. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.