Соли 2020 бар асари пандемияи коронавирус ҳаҷми савдои байнулмилалии кишварҳои минтақаи Осиёи ва Уқёнуси Ором дар муқоиса бо соли гузашта ба андозаи 1,9% коҳиш ёфт. Дар минтақаҳои дигари ҷаҳон вазъият аз ин ҳам бадтар аст, хабар медиҳад Маркази иттилооти СММ.

Тибқи маълумоти Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) соли 2020 ҳаҷми савдои ҷаҳонӣ дар маҷмӯъ ба андозаи 14,5% кам шуд. Дар ин росто поинравии дуфоизаи он дар кишварҳои ЭСКАТО дурнамои бештар умедворкунанда дорад.

Тавре интизорӣ меравад, соли 2020 ҳиссаи минтақа дар содирот ва воридоти ҷаҳонии молу маҳсулот то сатҳи баландии рекордӣ - мутаносибан то 41,8% ва 38,2% боло меравад. Ин нишондиҳанда соли пешин мутаносибан ба 39,9% ва 36,9% баробар буд.

Аммо гардиши савдо дар минтақа аз як кишвар то кишвари дигар фарқи зиёд дорад. Ба ин тариқ, поинравии аз ҳама бештари савдо - содироту воридот - дар Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ ба амал омад.

Дар кишварҳои Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ оид ба содирот нишондиҳандаҳои пасттарин ба қайд гирифта шуда, он асосан бар асари поинравии нархи нафт ба миқдори 24,4% коҳиш ёфт.

Коршиносони ЭСКАТО бар ин назаранд, ки дурнамои барқарор шудани савдо дар минтақа бинобар сабаби шароити номусоиди макроиқтисодӣ, бекории сатҳаш баланд, қарзҳои бузург ва дефлятсия (кам шудани миқдори пул дар натиҷаи бардоштани қурби он) хеле норавшан мебошад.

Котиби иҷроияи ЭСКАТО Армида Салсиа Алисҷабана изҳори нигаронӣ мекунад, ки оқибатҳои харобиовари COVID-19 ба он оварда мерасонанд, ки миллионҳо аҳолии минтақа дар ҳоли фақр қарор мегиранд.

Дар ЭСКАТО зикр мекунанд, ки дар баробари савдо, дар минтақа ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ низ кам шуд. Нисбат ба 9 моҳи соли 2019 дар семоҳаи сеюми соли 2020 ҳаҷми онҳо 40% поин рафт.

Коршиносон аз эҳтимол дур намедонанд, ки соли 2021 ҳаҷми сармоягузориҳо мисли пешин пасттар аз сатҳи то буҳрон боқӣ мемонанд. Дурнамои барқароршавии онҳо бештар ба давомнокии буҳрон дар соҳаи тандурустӣ, самаранокии сиёсат оид ба ҳавасмандсозии сармоягузорӣ ва оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии панемия вобаста хоҳанд буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.