Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), “Рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2021” тасдиқ карда шуд.

Рӯйхат бо назардошти нишондиҳандаҳои ташкилотҳои қарзӣ аз рӯйи натиҷаҳои фаъолияти солона (аз 1 январ то 31 декабри соли 2020) таҳия шудааст.

Чун як сол пеш БДА “Амонатбонк”, ҶСК “Ориёнбонк” ва ҶСК “Эсхата” бонкҳои низомсози Тоҷикистон эътироф шуданд.

Дар замима ба қарор дар банди алоҳида - “ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ” -  ташкилоти амонатии қарзии хурди “Имон Интернешнл” зикр шудааст.

Дар замима шарҳ дода мешавад, ки ба ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ ташкилотҳое дохил мегарданд, ки аз рӯи баҳодиҳии навбатӣ метавонанд ташкилоти қарзии низомсоз эътироф шаванд.

Зикр мегардад, ки рӯйхати мазкур соле як маротиба таҳия гардида, дар сомонаи БМТ ва маҷаллаи “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” нашр карда мешавад.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 75 ташкилоти қарзӣ: 19 бонк, 18 ташкилоти амонатгузории хурд, 5 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фонди қарзии хурд амал мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.