Шӯрои нозирони ширкат раиси нави Шӯрои мудирони ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик”-ро таъин кард.

“Бо қарори ҷаласаи дуюми Шӯрои нозирони ширкат, ки 20 январ доир гардид, Раҷабов Наҷибулло Ҳабибуллоевич раиси нави Шӯрои мудирон интихоб шуд. Қарори мазкури Шӯрои нозирони ТАЛКО аз 2 феврали соли 2021 мавриди амал қарор гирифт", - хабар дод ба "Азия-Плюс" сардори департаменти иттилооти ширкат Игор Сатторов.

Қабули қарори мазкур ба он марбут аст, ки собиқ раиси ин Шӯро Шералӣ Кабир чанде пеш вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ таъин шуд.

Шералӣ Кабир аз соли 2005 дар мансабҳои гуногун дар ширкат кор карда, аз соли 2015 раиси Шӯрои мудирони ТАЛКО буд.

Раиси нави Шӯрои мудирони ТАЛКО кист?

Наҷибулло Раҷабови 34-сола ҳанӯз аз соли 2007 инҷониб дар воҳидҳои сохтории ТАЛКО фаъолият дорад.

То таъиноти мазкур ба ҳайси муовини аввали директори генералии ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” кор мекард.

ТАЛКО яке аз ширкатҳои бузургтарини коркарди алюминий дар паҳнои пасошӯравӣ мебошад, ки ахиран корхонаҳои зиёди зертобеъи худро таъсис дод.

Моҳи августи соли 2019 ҳукумати Тоҷикистон КВД “ТАЛКО”-ро ба Ҷамъияти саҳҳомии кушода бо нигаҳдории 100% ҳиссаи давлат дар он табдил дод.

Наҷибулло Раҷабов
Сурат аз манбаъҳои боз

Маълумотнома

Раҷабов Наҷибулло Ҳабибуллоевич 18 апрели соли 1987 дар Душанбе таваллуд шудааст.

Соли 2007 бо баҳои аъло факултаи молиявӣ-иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси “муносибатҳои байнулмилалии иқтисодӣ” хатм кард.

Аз моҳи июн то октябри соли 2007 ба ҳайси мутахассиси яке аз шуъбаҳои Раёсати хавфҳои менеҷменти ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” кор кардааст.

Аз моҳи октябри соли 2007 ба кор дар воҳидҳои сохтории ТАЛКО ба сифати мутахассиси шуъбаи тиҷорат ва логистика, менеҷер, муҳосиб-иқтисодчӣ ва сардори шуъбаи рушди департаменти молиявӣ оғоз намуда, моҳи сентябри соли 2014 ба вазифаи директори департаменти сармоягузорӣ, моҳи феврали соли 2019 муовини аввали директори генералии ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” таъин шуд.

Бо забонҳои русӣ ва англисӣ озодона суҳбат карда метавонад.

Оиладор, соҳиби се фарзанд аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.