Вазорати молия ва Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон “Оид ба индексатсияи андозаҳои пардохт барои патент” фармоиши муштарак ба имзо расониданд.
Мувофиқи ин санад, арзиши патент барои соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи 9,4% зиёд карда мешавад.
Чунин индексатсия ҳамасола бо назардошти сатҳи таваррум дар соли гузашта гузаронида мешавад: соли 2020 мизони таваррум 9,4 фоизро ташкил дода, мутаносибан арзиши патент, ки ба он андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ дохил мешавад, ба ҳамин сатҳ боло бурда мешавад.
Дар фармоиши рӯзи 11 сентябр дар нашрияи соҳавии Кумитаи андоз (“Боҷу хироҷ”) нашршуда зикр мегардад, ки фармоиши мазкур пас аз як моҳи интишори расмӣ, яъне 11 марти соли 2021 мавиди амал қарор мегирад.
Бар асоси патент дар ҷумҳурӣ метавон бо 50 навъи фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машғул шуд, аз ҷумла фурӯши маҳсулоти ниёзи аввали мардум, хизматгузорӣ дар нақлиёт ва дигар навъҳои хизматрасонӣ. Чунин соҳибкор ба воридоту содироти молу маҳсулот, инчунин киро кардани коргарон ҳуқуқ надорад.
Даромади умумии соҳибкоре, ки бар асоси патент кор мекунад, набояд аз 200 ҳазор сомонӣ дар соли тақвимӣ зиёд бошад.
Андози бештар зиёди пардохт барои патент барои соҳибкороне, ки ба кашонидани борҳои вазнашон беш аз 20 тонна машғуланд муқаррар шудааст: пас аз ҷорӣ шудани меъёрҳои нав патент барои онҳо 876 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад (ба ҷойи 800 сомонии ҳозира).
Андозаи патенти сарояндагон дар ҷашну маъракаҳо аз 720 сомонӣ то ба 788 сомонӣ зиёд мешавад.
Патенти нисбатан арзонтар айни замон ба кашонидани бор тариқи мотороллер (53 сомонӣ), фурӯши маҳсулоти нонӣ ва ҷуворимакка дар нуқтаҳои сайёр (ғайристатсионарӣ), тайёр кардан ва фурӯши таомҳо бе ҷойи нишаст ва берун аз биноҳои статсионарӣ, кашнидани бор бо трактор - 87 сомонӣ ҳуқуқ медиҳад.
Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, то 1 январи соли 2021 дар ҷумҳурӣ наздики 340 ҳазор соҳибкороне ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асоси патент фаъолият мекунанд.
Шумори чунин тоҷирон дар соли 2020 қариб ба миқдори 20 ҳазор нафар шахсон (ба андозаи 6,1%) зиёд шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста