Сохтмони лӯлаи гази Ёвон-Леваканд, ки ба хотири ба кор андохтани калонтарин корхонаи саноатии вилояти Хатлон - “Азот” аст, аз ноҳияи Ёвон оғоз шудааст.
Заррина Давлатзода, раиси шаҳри Леваканд дар нишасти матбуотиаш, 15-уми феврал хабар дод, ки аллакай бунёди лӯлаи газ аз ноҳияи Ёвон шуруъ шуда, ҳудуди 7 км лӯлаҳо (қубурҳо) ҷобаҷо шудаанд. "Корҳои сохтмониро КВД “Тоҷикгаз” анҷом дода истодааст",- гуфт раиси шаҳр.
Ба суоли ин ки оё корхона то кунун фурӯхта шудааст ё не, Зарина Давлатзода гуфт, ки ҳоло маълум нест, ки саҳмияҳои корхонаро кӣ харидорӣ кардааст.
Ин дар ҳолест, ки дирӯз Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар нишасти хабарияш гуфт, ки ин корхонаро дар тендер ҷониби Тоҷикистон харид. Маблағи харидоришуда 200 миллион доллари амрикоӣ гуфта мешавад, аммо молики нави онро Қодирзода ба хабарнигорон нагуфт.
Бояд гуфт, ки баъди бекор кардани шартномаи сармоягузорӣ бо ширкати чинии “Хэнана Ҷун-Я” сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода зимни як сафараш ба шаҳри Леваканд супориш дода буд, ки ҳарчи зудтар корхона ба кор андохта шавад ва барои бо гази Ӯзбекистон таъмин кардани он хати лӯлаи газ аз ноҳияи Ёвон то корхонаи “Азот” кашида шавад.
Ҳоло ҳукумати кишвар бастаи 100% аксияҳои корхонаи “Азот”-ро ба фурӯш мондааст. Корхона ҳудуди 24 миллион сомонӣ қарзҳои кредиторӣ, аз ҷумла 5 миллион қарз аз ҳисоби музди меҳнати кормандонаш дорад.
Бояд ёдовар шуд, ки корхонаи “Азот” ҳанӯз солҳои Шӯравӣ сохта шуда, аслан ба таъмини соҳаи кишоварзӣ бо нуриҳои минералӣ, аз ҷумла “карбамид” сару кор дошт. Иқтидори ин корхона дар сурати кор кардани ду хатти истеҳсолӣ 1,5 ҳазор тонна карбамид дар як шабонарӯз мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар Кӯшониён аз беназоратии волидон духтарчаи 4-сола ғарқ шуд
“Бародараш дар Сурия аст, худ ба Тоҷикистон омаданӣ буд”. Падари як гумонбари ҳамла ба “Крокус” боз чӣ гуфт?
Ҳалокати 5 нафар дар роҳи Душанбе - Чаноқ. Кӯдак ба таври муъҷизанок зинда монд
“Қарзи инсонии худро иҷро кардем”. Чӣ гуна тоҷикон шаҳрвандони Русияро наҷот медиҳанд?
Падари Исломовҳо аз болои қарори ҳабсашон тибқи парвандаи “Крокус” шикоят бурд
Худкушии як донишҷӯ дар хобгоҳ. Ин ҳодисаи дуввуми марги донишҷӯ дар ДДХ давоми ду ҳафтаи охир аст
Кумитаи тафтишоти Русия аз боздошти боз як гумонбари ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дод
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста