Сабикаҳои тиллои ченшудаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз оғози сол ба ҳисоби миёна 8,5% арзон шуданд.

Ба ин тариқ, нархи сабикаи тиллоии вазнаш 5 грамм 11 март - 3285 сомонӣ, 10 грамм - 6482 сомонӣ, 20 грамм- 12815 сомонӣ, 50 грамм - 31794 сомонӣ ва 100 грамм - 63420 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ба ҳолати 31 декабр сабикаи тиллоии вазнаш 5 грамм 3589 сомонӣ, 10 грамм - 7088 сомонӣ, 20 грамм- 14027 сомонӣ, 50 грамм - 34824 сомонӣ ва 100 грамм - 69478 сомонӣ нарх доштанд.

Давоми соли 2020 сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба андозаи 43% қимат шуданд.

Арзиши сабикаҳои тиллоӣ мувофиқи нарх барои се унсия (31,1034768 грамм)-и тилло ва аз рӯйи натиҷаҳои савдои биржавии байнибонкии фиксинг дар Лондон муайян карда мешавад.

Ба ғайр аз ин, хароҷоти воқеӣ барои тайёр кардани сабикаҳои ченшуда, масрафоти нақлиёту суғурта ва боҷҳои гумрукӣ низ ҳисоб мешавад.

Нархҳо дар Лондон (дар бонки Rothschild) 13,7% поин рафтанд: пас аз авҷи болоравӣ ба андозаи $1957,33 ба ҳолати 5 январи соли равон то ба $1689,25 ба ҳолати 8 март барои се унсияи троянӣ. Тайи се рӯзи охир нархҳо каме ба эътидол омада, имрӯз  $1733,83 барои як унсияро ташкил медиҳанд.

Нархи баландтарини тилло тайи ду асри охир (аз соли 1830 то имрӯз) 7 августи соли 2020 - дар сатҳи $2.067,15 ба қайд гирифта шуд.

Бонки миллии Тоҷикистон моҳи июни соли 2017 сабикаҳои тиллои ченшудаи поккоришударо ба муомилоти озод баровард.

Бо пешниҳоди шиноснома ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ сабикаҳои тилло харида метавонад. Дигар ҳуҷҷатҳои иловагӣ талаб карда намешавад. Дар ҳамин ҳол маҳдудияти муайян вуҷуд дорад: 1 кило ба 1 кас дар як сол.

Сабикаҳо аз ҷониби Департаменти гардиши пул ва амалиёти хазинавии БМТ дар Душанбе, ки дар бинои кӯҳнаи бонк воқеъ аст, фурӯхта мешаванд.

Хариду фурӯши сабикаҳои тиллои ченшуда бо асъори миллӣ - сомонӣ анҷом дода мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.