Дар зарфи 2 моҳи соли равон маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ ба андозаи 3% қимат шуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти кишвар.

Болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ 1%-ро ташкил дод, ки 0,35% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Имсол нархҳо ба картошка (29,4%), тухм (5,0%), мева (1,8%), шир ва маҳсулоти ширӣ (1,4%), шакар (қанд) (1,3%), гӯшт (1,1%), равған ва чарбҳо (0,7%) нисбатан бештар боло рафтанд.

Тӯли 2 моҳи соли ҷорӣ нархҳо ба маҳсулоти ғайриозуқа ба андозаи 1,2% афзуданд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 0,3% баробар буд.

Байни маҳсулоти ғайриозуқа давоми моҳҳои январ-феврали соли равон бештар бензин (16,4%), сӯзишвории дизелӣ (6,5%), гази моеъ (3,1%), масолеҳи сохтмон (1,7%), сарулибос (0,8%), пойафзол (0,7%), матоъ (0,5%), маҳсулоти дорусозӣ (0,4%) қимат шуданд.

Тарифҳо ба хизматрасониҳои пулакӣ дар зарфи 2 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 0,2% боло рафтанд.

Мизони таваррум дар бахши истеъмолии кишвар тӯли 2 моҳи соли ҷорӣ 1,4%-ро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 0,4% зиёд шуд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2020 дар ҷумҳурӣ нишондиҳандаи рекордии сатҳи таваррум - 9,4% тайи даҳ соли охир ба қайд гирифта шуд.

Нишондиҳандаи ҳадафнок дар соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) муқаррар шудааст. Соли 2020 низ таваррум дар ҳамин сатҳ пешбинӣ гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.