Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-феврали соли 2021 тибқи маълумоти фаврии Вазорати молия, ҳудуди 3 млрд 536 млн сомонӣ (313 млн доллар)-ро ташкил дод.

Маблағи мазкур ба андозаи 2,9% ё худ маблағи зиёда аз 100 млн сомонӣ (беш аз 9 млн доллар) камтар аз нақшаи тасҳеҳшуда мебошад.

Пурра иҷро нашудани нақшаи буҷет дар навбати аввал ба даромадҳои ғайриандозӣ вобаста аст: даромадҳо аз истифода ва фурӯши амволи давлатӣ, даромадҳо аз хизматрасониҳои давлатии пулакӣ ва ғайра.

Нисбат соли гузашта дар ҳамин давраи соли равон ҷамъоварии андозҳои асосӣ (ААИ, андоз аз даромад, андоз аз фоида, аксиз) зиёд шуда, ҳудуди 80%-и даромади буҷаро дар ду моҳи аввали соли равон ташкил доданд.

Ҳаҷми умумии қисмати даромади буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо  27,6 млрд сомонӣ (зиёда аз 2,4 млрд доллар) муқаррар шудааст.

Даромадҳо аз пардохти андоз ба маблағи ҳудуди 18,6 млрд сомонӣ, пардохтҳои ғайриандозӣ - наздики 1,4 млрд сомонӣ, грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби созмонҳои байнулмилалии молиявӣ - 300 млн сомонӣ, аз ҳисоби гранту қарзҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ - 4,9 млрд сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассиса ва ташкилотҳои буҷетӣ - ҳудуди 2,3 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.