Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ва сармояи асосӣ давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ҳудуди 1,6 млрд сомониро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Дар сохтори маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 47,5% ба давлат, 33,8% - ба бахши хусусии дохилӣ, 17,1% - ба сармоягузориҳои хориҷӣ ва 1% - ба маблағгузории муштарак рост меояд.


Зиёда аз 54%-и сармоягузориҳо ба сохтмони иншооти истеҳсолӣ, аз ҷумла 35% - ба бунёди иншооти энергетикӣ равона мешавад.

Тӯли 2 моҳ дар сохтмони иншооти соҳаи энергетика 537 млн сомонӣ маблағҳо азхуд шудааст, ки 24% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Ҳиссаи иншооти ғайриистеҳсолӣ ҳудуди 46%-ро ташкил медиҳад. Инҳо иншооти соҳаи идоракунии давлатӣ ва мудофиа, маориф ва тандурустӣ, меҳмонхонаву тарабхона ва дигар иншоот мебошанд.

Давоми моҳҳои январ-феврали соли 2021 бо майдони умумии 108,9 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода шуд, ки ба нишондиҳандаи 76,3% ба ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 2 моҳи соли ҷорӣ 1,1 млн метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст, ки 24% камтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Ҳамчунин имсол дар вилояти Хатлону ВМКБ ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар вилоятҳои Хатлону Суғд 8 бунгоҳи тиббӣ мавиди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун аз калонтарин иншооти сохтмон дар ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, маблағгузории он танҳо аз ҳисоби давлат: буҷети давлатӣ ва фурӯши фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо таъмин мегардад.

Маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷет барои сохтмони неругоҳи Роғун дар соли ҷорӣ дар ҳаҷми 2,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, ҳукумат ният дорад, ки барои идомаи сохтмони неругоҳ сармоягузории хориҷиро низ ҷалб намояд.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, доир ба масъалаи ҷалби қарз аз бонкҳои аврупоии Credit Suisse (Швейтсария) ва Landesbank Baden-Wuerttemberg (Олмон) ба маблағи 340 млн евро созиши пешакӣ ҳосил шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.