Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Созишномаи сармоягузориро байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе тасдиқ кард.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала назди вакилони мардумӣ муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Шараф Шерализода изҳор намуд, ки ба амалисозии лоиҳаи мазкур ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” 5 млн доллар маблағ равона карданист.

Мутобиқи лоиҳа корхона дар майдони 7 гектар бунёд гардида, дар назар аст, ки баъди ба истифода додани он, ки моҳи сентябри соли 2022 пешбинӣ шудааст, 200 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар корхонаи нав лифтҳо, ҳисобкунакҳои барқ ва таҷҳизоти обгармкунӣ истеҳсол карда мешаванд. Танҳо дар соли 2020 Тоҷикистон ба маблағи 14 млн доллар чунин таҷҳизотро аз хориҷи кишвар харида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.