Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 21 апрел вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба соҳаи нақлиёт доир гардид, ки дар он кормандони масъули хадамоти гумрук ва сарҳадбонии ҳар ду кишвар иштирок карданд.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни ҷаласа ҳайатҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, доир ба масоили рушди долони нақлиётии “Ӯзбекистон – Тоҷикистон - Чин”, барқарорсозии фаъолияти гузаргоҳи байнисарҳадии “Ҳаштяк - Бекобод”, электрификатсиякунони қитъаи роҳи оҳани “Бекобод (Ӯзбекистон) Спитамен – Истиқлол (Тоҷикистон), сохтмони роҳи оҳани нав дар қитъаи “Панҷакент (Тоҷикистон) – Булунғур/Ҷамбой (Ӯзбекистон), зиёд намудани ҳаҷми боркашонии транзитӣ тавассути роҳи оҳан қитъаи “Бекобод - Истиқлол” ва дигар масъалаҳои ҷойдошта тавофуқ ҳосил шуд.

Зикр мегардад, ки дар натиҷа, бо мақсади густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, инчунин андешидани тадбирҳо дар ҳамбастагӣ, аз тарафи ҷонибҳо протоколи дахлдор  ба имзо расид.

Ёдрас мекунем, ки 21 апрел як гурӯҳи сершумори намояндагони ҳукумати Ӯзбекистон дар ҳайати муовинони вазирони сохтори иқтисодии ҳукумати Ӯзбекистон ба Душанбе омаданд. Меҳмонон ҳамроҳи ҳамтоёни тоҷики худ ба корҳои омодакунии лоиҳаи санадҳо, ки аз рӯйи натиҷаҳои сафари сарвари давлати Ӯзбекстон ба Душанбе аз имзояшон интизорӣ меравад, оғоз мекунанд.

Сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов 24 апрел дар Хуҷанд вохӯрда, ҷараёни корҳои омодагиро ба сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, инчунин маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳо байни кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.