Бонки байналмилалии Тоҷикистон бо мақсади васеъ намудани доираи фарогирии мизоҷон ва пешниҳоди маҳсулоти бонкии хушсифату рақобатпазир ҳамкориҳои худро бо ташкилот ва фондҳои қарзии ватанию хориҷӣ торафт вусъат мебахшад.

Ҷиҳати ноил гардидан ба рушди иқтисодиёти кишвар Бонки байналмилалии Тоҷикистон ва Фонди қарзии хурди “Фонди Бозтамвил” шартномаи ҳамкорӣ дар самти ҷалби захираҳои миёнамуҳлат бо меъёри фоизии нисбатан арзон ба имзо расониданд. Ин омил махсусан дар минтақаҳои деҳот барои соҳаҳои кишоварзӣ ва истеҳсолӣ бениҳоят муҳим мебошад. Акнун, мизоҷон имкон доранд барои рушду инкишофи хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳо ва дастгирии соҳибкории хурдтарин, хурд ва миёна маблағҳои қарзиро аз Бонки байналмилалии Тоҷикистон бо асъори миллӣбо меъёри фоизии нисбатан пасттар,ба муҳлати то 36 моҳдастрас намоянд.


Тавре Раиси Бонки байналмилалии Тоҷикистон Раҷабов Искандар Ҳабибуллоевич қайд намуд, ки “Ба пешниҳоди қарзҳо дартамоми минтақаҳои кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, итминон дерем, киин иқдом,махсусан,барои рушди фаъолият ва баланд намудани сатҳи зиндагии мардуми шаҳру ноҳияҳои дурдаст кӯмак намояд”. Инчунин, ин омил баҳри расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ, яъне “саноатикунонии босуръати кишвар” мусоидат хоҳад кард.

Раҳмонзода Шариф, Раиси Раёсати ФҚХ "Фонди Бозтамвил" изҳори боварӣ кард, киин оғози ҳамкориҳо маҳсуб ёфта, чунин иқдомҳои судбахш ҷиҳати таъмини фарогирии бештари мизоҷон бо маҳсулоти  бонкӣ минбаъд низ идома меёбад.

Бонки байналмилалии Тоҷикистон яке аз бонкҳои муваффақи кишвар маҳсуб ёфта, бо шабакаи васеи филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маҷмӯи васеи маҳсулот ва хизматрасониҳои муосири бонкиро пешниҳод менамояд. Дар ҳамкорӣ бо бонк мизоҷон имкон доранд аз қарзҳои бонкӣ бархурдор гарданд, маблағҳои худро бо шартҳои муфид ба амонат гузоранд, ба ҳамёни электронӣ ва дигар хизматрасониҳоибонкии мобилии IBT24 дастрасӣ пайдо карда, аз кортҳои бонкии дохилию байналмилалӣ васеъ истифода намоянд ва замимаи ОСОН-ро дар интиқоли фаврӣ ва муфиди пулмададрасони худ қарор диҳанд.

Бонки байналмилалии Тоҷикистон. Осон, шаффоф, боэътимод.