Дар ноҳияи Зафаробод ба далели танқисии оби полезӣ даҳҳо гектар киштзори ҷаву гандум, юнучқа ва сиёҳдон “сӯхта”, ба деҳқонон хисороти калони молӣ расидааст. Онҳо мегӯянд “бо умеди борону идораи обрасонӣ ҳама чизро аз даст доданд” ва даҳҳо гектар замини пахтаро низ.

Деҳқонони деҳаи Орзуи ҷамоати Равшани ноҳияи Зафаробод бо нигаронӣ аз вазъи обрасонӣ гуфтанд имсол, боре ҳам заминҳояшонро обёрӣ накарданд. Дар ниҳоят тухмии ба замин пошида насабзид ва ё беҳосил хушк шуду ҳазорҳо сомонӣ хисорот диданд. Масъулини идораи обрасонӣ далели ин вазъро ба фарсуда шудани пойгоҳҳои обкашӣ, муназзам набудани кори он, хушксолӣ ва “хӯҷаинҳои саргаҳи канал” рабт медиҳанд.

“Пунбадона зери хок сӯхт”

Сироҷиддин Нодиров, сардори хоҷагии деҳқонии “Шантуҷ-2” мегӯяд,ба маблағи 30 ҳазор сомонии қарз дар 20 гектар замин тухмии ҷаву гандум, пунбадона ва дигар зироат кишт кард. Аммо имсол низ ба канали деҳаи Орзу об наомад ва замин ҳам боре обёрӣ нашуд. Ӯ гуфт аз ҳисоби деҳқонӣ зиндагӣ мекунад, вале ду соли ахир заҳмату маблағаш дар пайи беобӣ дар замин месӯзад ва ҳосиле ба даст намеорад.

Ҷӯйҳои беобу дар ҳасрати об

Ӯ мегӯяд, оғози фасли баҳор бо умеди боришот кишт карда буд. Аммо боре ҳам борон наборид, хушксолӣ шуд, идораи обрасонӣ низ аз пойгоҳҳои азим, тавассути канал ба заминҳои ҷамоати Равшан ба хусус деҳаи Орзу об наовард.

Раҳбари ин хоҷагӣ суол гузошт, вақте ба заминҳои ӯву дигар деҳқонон об намедиҳанд, пас чаро андоз аз замини обӣ талаб мекунанд? Ӯ гуфт “агар заминҳои обии моро ба лалмӣ табдил диҳанд, дар супурдани андоз сабукӣ мешуд.” 

“Дар санадҳо заминҳои мо обӣ қайд шудааст. Аммо зиёда аз панҷ сол аст, ки заминҳои ҷаву, гандуми мо рӯйи обро намебинад. Лоақал донаи ба замин пошидаамонро наметавонем гирем. Сабабаш ҳамин, ки дар моҳҳои март-апрел ба мо об намедиҳанд, вагарна ба ин ҳол дучор намешудем”.

“Киштзорҳои беҳосил, чорво онро мехӯрад”

Рустам Тиллоев низ бо умед ба замин пули зиёде харҷ кард, ки ҳосили фаровон мегираду хонаводаашро таъмин мекунад. Раиси хоҷагии деҳқонии “Ҳофизон” мегӯяд, 10 гектар замин дорад ва ба 8 гектари он ҷаву сиёҳдона ва юнучқа кишт кард, вале аз беобӣ ҳама талаф ёфт. Аз ҳосили имсола ҷизе нагирифт зиёни калони молӣ дид ва ҳоло майдони ҷави беҳосилу хушкшудаашро ба чорво мехӯронад.

“Бо бештар аз 3 ҳазор сомонӣ тухми юнучқа харида ба 4,5 гектар пошидам. Ба 2,5 гектар тухми сиёҳдона пошидам, ки як килояшро 50 сомонӣ харида будам, бар ҷуз инҳо, хароҷоти техникаву сӯзишворӣ низ ҳаст. Сиёҳдона қад надоду хушк шуд, ҷавро говҳо хӯрда истодаанд,  зеро бо комбайн дарав нашуду  дастӣ ҳам даравида намешавад".


Шомурод Шоназаров, раиси хоҷагии деҳқонии “Шоҳнур” аз ҷабрдидагони дигари идораи обрасонӣ аст, ки 7 гектар ҷаву гандум ва сиёҳдонаи киштааш ба ҳосил нарасида хушк шуд.

Замини ӯ низ мисли киштзори даҳҳо деҳқонони зиёндида дар фасли баҳор манзараи  тирамоҳро дорад. Ҳама ҷо зарду сӯхта. Ин деҳқонон мегӯяд борҳо ба идораи обрасонӣ муроҷиат карданд то об диҳанд, вале дар ҷавоб масъулон гуфтаанд обрасонӣ надорем. Деҳқон мегӯяд, “пеш аз мо дар саргаҳи канал хоҷагиҳои зиёд ҳаст, ки имкони ба ин деҳа омадани обро намедиҳанд”.

“Дороҳо чоҳи амудӣ кофтанд, нодорҳо “месӯзанд”

Норасоии об ва нотавонии идораи об дар таъмини мазореъи мардум бо об, даҳҳо хоҷагидорро маҷбур кардааст, ки бо қарзҳои бонкӣ чоҳҳои амудӣ бикобанд.


Рустам Тиллоев, раиси хоҷагии “Ҳофизон” низ бо харҷи беш аз 200 ҳазор сомонии қарз ҳамагӣ се рӯз пештар чоҳи амудӣ кофтааст ва аз қаъри беш аз 100 метр замин об баровард то 2 гектар замини пахтаи дар ҳоли хушкшудаистодаро наҷот диҳад. “Акнун ба ҷойи сиёҳдонаву ҷав ва юнучқаи сӯхтарафта мошу лӯбиё кишт мекунам то зиёнро рӯйпӯш кунам”, - мегӯяд ин деҳқон.

Аммо на ҳама деҳқонон имкони молии кофтани ҷоҳи амудиро доранд ва барои ҳамин ба умеди борону интизори об аз идораи обёриянд.

Салим Мерганов деҳқони дигар  мегӯяд, ки дар ин ҷамоат зиёда аз 3 ҳазор гектар замини кишт ҳаст. “Дороҳо чоҳи амудӣ кофтанд, вале нодорҳо чоҳ надорад, маҷбур кишт мекунанд, чизе намегиранд, харҷу заҳматашон барбод меравад”.

Масъулини идораи об чӣ мегӯянд?


Аз Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳияи Зафаробод сабаби аз оғози баҳор то ба имрӯз обёрӣ нашудани заминҳои деҳаи Орзуро шарҳ  доданд. Онҳо далели ин вазъро ба пойгоҳҳои обкашӣ рабт доданд, ки фарсуда шудаву наметавонад мунтазам кор кунанд.

Сабаби дигар хушксолии ғайриинтизор будааст, ки киштзорҳо обталаб ва  хоҷагиҳо аз оби канал зиёдтар истифода кардаанд.

Қудратулло Давлатов, муовини сардори ин ниҳод мегӯяд, ҳоло дар баробари дигар зироатҳои ғаллаӣ, зиёда аз 5 ҳазор гектар пунбадона низ насабзидааст.

“Сабаби дигар ин аст, ки баъди 15-уми апрел истифодаи барқро иҷозат доданд, ки алакай дер шуд. Агар 1-уми апрел иҷозат медоданд мо камбудиҳои пойгоҳро бартараф ва то 15-уми апрел пурра обрасонӣ мекардем. Аммо нашуд, майдони бисёр ҷаву гандум зарар дид. Масъалаи дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ бисёр шуд, нобаробарӣ, мушкили додугирифти об байни хоҷагиҳо бисёр аст”.

Нушдоруи баъди марги Суҳроб

Аммо Аминҷон Абдуллозода, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд қазияро ба гунаи дигар шарҳ медиҳад.


Ӯ гуфт дар канал 20 куб об буд, вале хоҷагиҳои саргаҳ дарвозаҳоро шикаста обро гирифтанду бесарусомонӣ шудааст. Канале, ки тариқи он ба ҷамоати Равшан ва  Ассотсиатсияи “Айнӣ” об меравад 67 километр дарозӣ доштааст ва бино ба гуфти Абдуллозода камбудиро ислоҳ карданду ҳоло 5 куб об ба ин ҷамоат рафта истодааст. Дар ҳоле, ки деҳқонон мегӯянд, алакай дер шуд.

“Одамон дар саргаҳ дарвозаҳоро шикаста, нагузоштанд об то охири канал биравад, ҳоло ин камбудӣ ислоҳ шуд ба заминҳо об рафт. Ҳоло реҷаи якҳафтаина сохтем се рӯз аз пойгоҳи “Қизилӣ” заминҳои Истаравшану Деваштич ва чаҳор рӯз ҷамоати Равшан ва  Ассотсиатсияи “Айнӣ” обёрӣ мешавад”.

Мушкилии обрасонӣ дар Зафаробод, яке аз ноҳияҳои аслии пахтакори шимолии Тоҷикистон баъди пошхӯрии Шӯравӣ ва дар ҳоле ба миён омад, ки чанд пойгоҳи азими обкашии “Мирзочӯл” ва “Қизилӣ” 60 сол инҷониб ба таҷдид ниёз доранд. Масъулин ҳам иқрор мешаванд, ки аз байн се бистсола гузашту рӯйи таҷдидро надидааст ва муҳлати истифодабарияш гузаштааст.

Ҳоло ду пойгоҳи обкашии “Мирзочӯл” ва чаҳор пойгоҳи “Қизилӣ”,  32 ҳазор гектар заминҳои Зафаробод ва бар иловаи ин, киштзорҳои Истаравшану Деваштичро низ шодоб мекунанд. Вале пойгоҳ кори мунтазам надорад ва сари чанд вақт нассосҳо аз кор мемонанд.


Масъулин мегӯянд, имсол тасмим ҳаст 60 миллион доллари амрикоӣ аз суйи ҳукумати Тоҷикистон барои бозсозии пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод ҷудо шавад.

Аммо ҳоло деҳқонон аз кори идораи обрасонӣ нигаронанд, ки натавонист саривақт дар мавсими обёрӣ ба заминҳояшон об диҳад ва пеши роҳи зиёни молӣ дидани онҳоро бигиранд. Онҳо хостори имтиёзҳо аз мақомотанд, то дар пардохти баъзе навъҳо андоз, ба хусус андоз аз заминҳои обӣ сабукӣ дода шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.