Қирғизистон якҷониба равуои воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандони Тоҷикистонро тариқи қаламрави худ боздошт. Ин қарори ҳамсоякишвар то чӣ андоза ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир дошта метавонад?

Сарҳади баста байни ҳамсоякишварҳо ҳамеша ва дар ҳама ҷо хуб нест ва  агар боз сарҳад дароз бошад. Масофаи сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон қариб ҳазор километрро ташкил медиҳад.

Лекин ба гумон аст, ки ба иқтисоди Тоҷикистон аз чунин қарори кишвари ҳамсоя зарбаи ҷиддие расад.

Гап сари он аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон робитаҳои махсусуи тиҷоративу иқтисодӣ надоранд. Ин дар навбати аввал ба он маънидод мешавад, ки кишварҳо қариб дар як сатҳи рушд қарор дошта, сохтори иқтисодашон монанд аст ва асосан ашёи хом содир мекунанд.

Савдо

Тибқи омори расмӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми савдои дуҷониба бо Қирғизистон 9,3 млн долларро ташкил додааст, ки ба ҳамагӣ 0,5% дар ҳаҷми гардиши моли Тоҷикистон баробар аст.

Барои муқоиса маълумоти оморӣ бо дигар кишварҳоро меорем, ки бо Тоҷикистон сарҳади умумӣ доранд.

Ба ин тариқ, ҳаҷми савдо бо Ӯзбекистон дар ин давра 104 млн доллар ва Чин – 140 млн долларро ташкил додааст. Ҳатто ҳаҷми савдо бо Афғонистон, ки зиёда аз 40 сол инҷониб дар ҳолати ҷангӣ қарор дорад, аз ҳаҷми савдо бо Қирғизистон зиёдтар аст. Ҳаҷми савдо байни Тоҷикистону Афғонистон давоми моҳҳои январ-марти ҳамин сол ҳудуди 140 млн долларро ташкил додааст, ки 48% зиёдтар нисбат ба Қирғизистон мебошад.

Соли 2020 ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Қирғизистон ба 36,8 млн доллар баробар шудааст, ки 0,8% аз ҳаҷми  умумии савдои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, молу маҳсулоти воридотӣ аз Қирғизистон ба маҳсулоти ниёзи аввал мансуб нестанд. Асосан савдои наздисарҳадӣ ҷой дошта, фермерони тоҷик ба ҳамсояҳо маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод мекарданд ва аз Қирғизистон маҳсулоти истеъмоли умумӣ, асосан либос ва дигар чизҳо оварда мешуд. Ин маҳсулотро метавон аз Ӯзбекистон овард ва маҳсулоти Ӯзбекистон боз хушсифаттар ҳам ҳаст.

Қочоқ

Ҳушёрии сарҳадбонони қирғиз ҳатто ба як навъе метавонад ба ғанишавии буҷети Тоҷикистон мусоидат кунад. Ин ҷо сари таҳвили маводи сӯзишворӣ аз Русия ва орд аз Қазоқистон сухан меравад, ки тибқи баъзе маълумот, аз ҷониби қочоқчиёни қирғиз дубора содирот мешавад.

Намояндаи як ширкати асосии воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон дар суҳбати ихтисосӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки ҳудуди 35% талаботи ҷумҳурӣ ба маводи сӯзишворӣ аз ҳисоби қочоқ аз Қирғизистон таъмин мешавад. Ин маънои онро дорад, ки сеяки пардохтҳои гумрукӣ ва андоз аз таҳвили маводи сӯзишворӣ ва шояд маблағи фурӯши минбаъдаи он дар дохили кишвар ба буҷети ҷумҳурӣ ворид нашудааст.

Транзит

Ин маҳз ҳамон самтест, ки осеб мебинад – мушкилот барои таҳвилгарони молу маҳсулот ва шаҳрвандони қатории Тоҷикистон.

Қисмате аз маҳсулот аз Чину Қазоқистон тариқи қаламрави Қирғизистон ба Тоҷикистон оварда мешавад. Аз оғози муноқиша мошинҳо бо бор барои Тоҷикистонро муддатҳои тӯлонӣ дар кишвари ҳамсоя бозмедоранд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Русия ба шаҳрҳои Қирғизистон парвоз мекунанду аз он ҷо бо автомашина ба ватан мерасанд, низ бо мушкилоти гуногун дучор мешаванд.

Аз ин рӯ, минбаъд метавон тарзи овардани борро аз Қазоқистон бидуни гузаштан аз қаламрави Қирғизистон баррасӣ кард. Бо Чин бошад, постгоҳи сарҳадии “Қулма” амал мекунад.

Таҳвили мустақим аз Чин барои он мушкил аст, ки роҳи мошингард дар қаламрави ВМКБ дар ҳолати бад қарор дошта, ҳукумат оғози корҳои таъмиру таҷдиди онро кашол медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.