Ҳукумати Тоҷикистон номгӯйи молу маҳсулот, дастгоҳ ва таҷҳизот барои сохтмони гармхонаҳои муосирро, ки зимни ворид намудан аз пардохти ААИ ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ кард.

Қарори қабулшудаи ҳукумат аз 28 майи соли равон дар Пойгоҳи мутамаркази маълумоти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.

Рӯйхат аз 72 номгӯйи масолеҳи сохтмон ва мавод, дастгоҳу таҷҳизот, аз қабили сохторҳои сохтмонӣ, дастгоҳи ҳавософкун, муҳаррик ва генераторҳои барқӣ, таҷҳизот барои обёрии гармхонаҳо, мошинҳои кишоварзӣ, нуриҳои минералии гуногун ва ғайра иборат аст.

Бо ин қарор ба Хадамоти гумрук дастур дода шудааст, ки анҷоми расмиёти воридоти маҳсулотро тибқи ин рӯйхат таъмин намуда, то 1 феврали соли 2022 дар ин бора ба Вазорати молия маълумот пешниҳод кунад.

Имтиёз аз пардохти андоз хуб аст ё бад?

Бархе аз мутахассисон бар ин назаранд, ки имтиёзҳо низоми пардохти андозро аз лиҳози бетарафӣ, адолатнокӣ, самаранокӣ ва содагӣ бад мекунанд.

Ҳатто аз имтиёзҳо ба соҳаҳо ва бахшҳои ҷудогона истиқбол намешавад, зеро чунин сабукиҳо тоҷиронро ба машғул шудан ба он тиҷоратеро, ки хуб медонанд, ҳавасманд намесозад.

Намояндаи доимии Бонки осиёии рушд Шенни Кэмпбелл дар мусоҳибаи чанде қабл ба “Азия-Плюс” тавсия дода, ки “барои тавсеъаи минбаъдаи заминаи андозҳо имтиёзҳои андозӣ бозбинӣ карда шаванд”.

“Имтиёзҳои андозӣ бояд ба навъҳои фаъолияте дода шаванд, ки ба сармоягузорӣ, инноватсияҳо, рушди минтақавӣ ва фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ мушаххасан ва дақиқ таъсир мерасонанд”, - бар ин назар аст ӯ.

Кэмпбелл изҳор дошт, ки дар доираи барномаи чанде қабли грантии БОР дар ҳаҷми 50 млн доллар ҳукумати Тоҷикистон дар бораи тартиби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ ҷиҳати таъмини шаффофият қарор қабул кард.

“Дар натиҷа низоми таҳлили хароҷот ва фоида барои арзёбии самаранокии имтиёзҳои андозӣ ҷорӣ шуда, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ муайян шуд”, - иброз дошт ӯ.

Таҳлили хароҷот ва фоида ва имтиёзҳои андозӣ яке аз бандҳои Барномаи ислоҳоти андоз дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад, ки баҳри табиқи он Бонки ҷаҳонӣ низ ба маблағи 50 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад.

Моҳи декабри соли гузашта ҳукумат тартиби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва гумрукиро қабул кард.

Дар ин санад пешниҳоди имтиёзҳои дорои хусусияти инфиродӣ, яъне сабукиҳои андозӣ ба шахсони мушаххас манъ шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳиссаи воридоти маблағ аз ҳисоби андоз дар ҳаҷми умумии даромадҳои Буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввал қариб то 80% зиёд шуд.

Даромадҳо дар ин давра дар сатҳи 4,5% барзиёд иҷро шуда, ба буҷет 6,1 млрд сомонӣ маблағ ворид шуд.

То ин дам ҳиссаи солонаи воридоти маблағ ба буҷет аз андоз ба ҳисоби миёна аз 70% зиёд набуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.