Аввалин Форуми байналминалии соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳри Бохтар ба кори худ поён дод. Ҳосили ин Форум ба имзо расидани созишномаву қардодҳо ба маблағи 730 миллион даллар мебошад.

Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон дар маросими оғози ин нишаст гуфт, ки шаҳри Бохтар барои баргузории ин форум беҳуда интихоб нашудааст. Хатлон яке аз вилоятҳоест, ки захираҳои бузург дошта ва то имрӯз барои соҳибкорону сармоягузории кишвари ҳамсоя нокушода боқӣ мондааст.

“Дар вилояти Хатлон се минтақаи озоди иқтисодист, ки метавонад барои рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвари ҳамсоя мусоидат кунад. Дар ин минтақаҳо тамоми зерсохтҳои лозим мавҷуд аст.  Ин имкон медиҳад, ки ба бозорҳои кишвари сеюм роҳ ёбем”,- гуфт муовини сарвазир.

Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳадаф доранд, дар чанд соли наздик гардишу молу колоро миёни худ ба як миллиард доллар бирасонанд ва ин нуктаро Давлталӣ Саид ҳам дар ин форум зикр кард.

Asia-Plus

“Дар гуфтушуниде, ки аввали соли равон бо ҳамтои узбекистониямон доштем, бо назардошти дастури роҳбарони ду кишвар тасмим гирифтем, ки гардиши мол байни Тоҷикистону Узбекистон дар солҳои наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида шавад. Ҳамчунин як гуруҳи кории байнидавлатӣ ба хотири омӯзиши муносибатҳои дутарафа ташкил шуд, ки дар асоси натиҷаи кори он мо як харитаи роҳҳои ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла сармоягузорӣ, савдою иқтисод, иртиботот ва ғайра тартиб медиҳем, ки он ба як натиҷаи баланди ҳамкориҳои байни ду кишвари ҳамсояю дӯст, мусоидат кунад”,- гуфт Давлаталӣ Саид.

Муовини сарвазир кишвари Узбекистонро яке аз шарикони стротегии Тоҷикистон номид ва гуфт, Узбекистон ба яке аз панҷгонаҳое, ки муносибатҳои тиҷоратию иқтисодияшон бо Тоҷикистон хуб аст, тадил ёфтааст.

“Дар 4 моҳи сипаришуда гардиши мол бо Узбекистон ҳудуди 30 % афзоиш ёфтааст. Аммо имрӯз ҳузури ширкатҳои Узбекистон ба иқтисодиёти Тоҷикистон камтар аст ва ин моро қонеъ намекунад. Дар ин ҷода имкониятҳои зиёди истифоданошуда боқӣ мондааст, ки мо бояд сари ин кор кунем. Ва бояд ин равандро тақвият бубахшем. Яке аз ҳамкориҳои намунавӣ метавонад ширкати шарикии сормоягузорие, ки Гуруҳи ширкатҳои “Авесто” бо ширкати “Артел”-и Узбекистон ташкил кардаанд, бошад. Мо умед дорем, ки имрӯз дар ин форум шартномаҳои зиёди ҳамкори байни соҳибкорони мо ва Узбекистон баста мешавад”,- гуфт ин масъули Ҳукумати Тоҷикистон.

Ҳайати соҳбкорону намояндагони ниҳодҳои давлатии кишвари ҳамосяро муовини сарвазир, вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати берунии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов раҳбарӣ мекард. Дар ҳайати ҷониби Ӯзбекистон бархе аз вазирони кобинаи Мирзиёев, ҳокимони вилоятҳои Самарқанду Сурхандарё, бонкдорон ва намояндаҳои дигари  бахшҳои хусусиву тиҷоратии ин икшвар низ ҳузур доштанд.

Қурбон Ҳакимзода раиси вилояти Хатлон, Саъди Қодирзода раиси кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва гуруҳи калони соҳибкорону намояндагони сохторҳои дигар низ аз Тоҷикистон ширкат карданд.

Asia-Plus

Муовини сарвазир, вазири сармоягузори ва савдои берунаи Узбекистон Сардор Умурзоқов зимни суханрониаш изҳор дошт, ки Президенти кишвараш Шавкат Мирзиёев супориш додааст, то замоне ба натиҷае нараседу бо ҳамтоёни тоҷикамон шартномаҳои заруриро ба имзо нарасонем, ҳеҷ як намояндаи сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорони узбек аз шаҳри Бохтар ва вилояти Хатлон намеравед. Мо бояд имрӯз шартномаҳои ҳамкорӣ ва роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои бузурги шарикиро ба имзо расонем. Ин шартномаҳо берун аз он аст, ки то имрӯз мо мувафақ шуда будем, - илова кард Умурзоқов.

Дар ин Форум ҳам Давлаталӣ Саид ва Сардор Умурзоқов таъкид карданд, ки дӯстии байни раҳбарони ду кишвар равобитро ба ин сатҳи баланди ҳамкориҳо расонидааст.

Ба гуфтаи Умурзоқов дар чор соли охир гардиши мол байни ду кишвар се баробар афзоиш ёфтааст. Дар чор моҳи охир ҳаҷми гардиши мол ба 140 миллион доллари амрикоӣ расидааст. Он нақшае, ки аз тарафи роҳбарони ду кишвар назди мо гузошта шудааст, яъне расонидани гардиши мол то 1 миллиард доллар, бояд соли оянда иҷро шавад. Ва дар солҳои оянда мо бояд боз даст ба лоиаҳои бузурге бизанем ва ба натиҷаҳои баландтаре бирасем. Имрӯз дар Тоҷикистон 60 ширкат бо сармоягузории Узбекистон фаъолият мекунад ва дар Узбекистон 200 ширкат бо сармоягузории Тоҷикистон фаъол аст. Дар солҳои охир 30 ширкати нав бо сармояи Тоҷикистониҳо дар Узбекистон сабти ном шудааст.

Умурзоқов гуфт, ду тараф тасмими гирифтаанд, ки бунёди рушди сармоягузории Узбекистону Тоҷикистонро бо сармояи ибтидоии 50 миллион доллар ташкил кунанд.


Дар форум ҳамчунин гуфта шуд, ки на танҳо кишварҳо ва вилоятҳо, балки ноҳияҳои ду кишвар ҳам метавонанд мустақилона ҳамкорӣ кунанд ва тарҳҳои муштаракро амалӣ кунанд.

Умурзоқов дар охири суханрониаш таъкид кард, ки суханонаш хушку холи нестанд ва он бо мақсади таърифу тавсиф дар ВАО нест, балки бо мақсади ба амал гузаштанаст. Ин даъват ба онаст, ки мо дастбакор шавем ва ҳамкориҳоро дар як сатҳи баландтаре бардорем. Имрӯз дар толр намояндагони ҳама сохторҳои давлатию ғайридавлатии Узбекистон нишастаанд. Аз ҳамотоёни тоҷикамон даъват мекунем, ки бо онҳо дар алоқа бошанд лоиҳаҳои ҳамокриҳои худро баҳс кунанд ва онҳо вазифадор шудаанд, ки шуморо гуш кунанд ва бо шумо ҳамкори кунанд, - гуфт Сардор Умурзоқов.

Дар поёни қисмати аввали форум байни ширкатҳои Тоҷикистону Узбекистон 8 шартномаи ҳамкори дар ҳаҷми 730 миллион доллари амрикоӣ баста шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.