Ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ зиёда аз 2 млрд 210 млн долларро ташкил дод, ки 35,1% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Тавозуни савдо (фарқият байни содироту воридот) дар ин давра манфӣ буда, ба 132,3 млн доллар баробар шудааст.

Дар семоҳаи аввали соли равон ба маблағи зиёда аз 1 млрд доллар молу маҳсулот ба хориҷи кишвар бароварда шудааст, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ-апрели соли гузашта 86,3% ё худ 481,2 млн доллар зиёдтар мебошад.

Дар сохтори содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон фулузот (металл) ва сангҳои қиматбаҳову нимақиматбаҳо зиёда аз 68%-ро ташкил медиҳанд.

Воридоту молу маҳсулот дар ин давра ба маблағи ҳудуди 2,2 млрд доллар сурат гиифтааст, ки 8,6% ё худ 92,6 млн доллар камтар дар муқоиса бо 4 моҳи соли гузашта мебошад.

Дар сохтори воридот маҳсулоти минералӣ, мошину таҷҳизот ва маҳсулоти саноати кимиёвӣ ҳиссаи бештар доранд.

Қобили зикр аст, ки дар давоми моҳҳои январ-апрели ҳамин сол Тоҷикистон бо 99 кишвари дунё муомилоти додугирифти молу маҳсулот анҷом додааст.

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Швейтсария мебошад, ки ҳаҷми гардиши савдои Тоҷикистон бо ин кишвар ба наздики 722 млн доллар баробар шудааст. Маблағи савдои дуҷониба бо Қазоқистон - 363 млн доллар, Русия - 320 млн, Чин - 217 млн ва Ӯзбекистон - 133 млн долларро ташкил додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.