Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ Ян Петер Олтерс рӯзи 21 июн созишномаро дар бораи маблағгузорӣ ба лоиҳаи "Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон" ба имзо расониданд.
Тавре дафтари матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, кумаки молиявии бебозгашт ба маблағи 58 млн доллар аз ҳисоби Ассосиатсияи байнулмилалии рушд (узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) ҷудо мешавад.
“Ҳадафи асосии Лоиҳа ин мустаҳкам намудани заминаи бахши устувори соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ тавассути зиёд кардани дастрасии тухмии хушсифат, ниҳолҳои ба иқлим тобовар, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии агрологистикии деҳқонон ва корхонаҳои кишоварзӣ, тақвияти идоракунии институтҳои давлатӣ мебошад”, - омадааст дар маълумоти Вазорат.
Гуфта мешавад, маблағҳои ҷалбшуда дар доираи Лоиҳа барои фароҳам овардани муҳити мусоид, таҳқиқот, баланд бардоштани иқтидори муассисаҳои миллии кишоварзӣ дар самти таҳқиқот ва рушд барои мутобиқ гардонидани технологияҳои мавҷуда ба шароити маҳаллӣ, зиёд кардани тухмиҳо, ниҳолҳо ва маводҳои ниҳолшинонӣ, таъмини сифат, дастгирии фаъолияти Марказҳои агрологистикӣ, мониторинги воқеии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи замин ва агрометереология равона мегардад.
Лоиҳа аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар муддати панҷ соли оянда мавриди амал қарор мегирад.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон 21 лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи умумии 1,1 млрд доллар мавриди амалишавӣ қарор дорад. Аз соли 1996 Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 2 млрд доллар ба сифати қарзи имтиёзнок ва грантҳо кумаки молиявӣ ҷудо кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста