Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 13,2 млрд сомонӣ (тақрибан 1,2 млрд доллар)-ро ташкил додааст, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳаҷми пешбинишуда (беш аз 12,4 млн сомонӣ) 6,5% ё қариб 810 млн сомонӣ (беш аз 70 млн доллар) зиёд аст.

Ба иҷрои нақшаи буҷет, пеш аз ҳама, 4% афзоиши даромад аз андозҳо (бо назардошти боҷҳои гумрукӣ) мусоидат кард: ба ҷои 9 млрд сомонии пешбинишуда ба "ҳамёни асосии" кишвар тақрибан 9,4 млрд сомонӣ ворид шуд . Ҳиссаи андозҳо дар ҳаҷми умумии даромади буҷет дар нимсолаи аввали соли равон 71,2%-ро ташкил дод.

Даромадҳо аз андоз асосан аз ҳисоби ААИ (41,4% дар маҷмӯи андозҳо), андоз аз даромад (11,7%), андоз аз фоида(10,6%) таъмин карда шуданд. Ҳиссаи якҷояи ин се андоз дар сохтори даромадҳои андоз тақрибан 64%-ро ташкил дод.

Дар маҷмӯъ, ҷамъоварии ҳамаи намуди андозҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барзиёд иҷро шудааст.

Мақомоти андози Тоҷикистон пас аз Facebook, Google ва Apple боз 15 ширкати хориҷиро сабти ном кардаанд.

Кумитаи андоз инро бо "афзоиши иқтисоди кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар шудани маъмурият ва хидматрасонӣ ба андозсупорандагон ва назорати босифат" рабт медиҳад.

Ҳамчунин, рақамисозии мақомоти андоз, тавсеа ва такмилу беҳбуди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни андозсупорандагон ва ғайра зикр мешавад.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир иҷрои нақшаи пешбинишудаи буҷети ҷумҳурӣ мунтазам таъмин намешуд ва маблағҳои камбуд аз даромад маъмулан охири сол аз ҳисоби кумакҳои сарпарастони байнулмилалӣ рӯйпӯш карда мешуданд.

Масалан, дар нимаи аввали соли гузашта камбуди буҷети давлатӣ 4,5% ё 400 млн сомонӣ (38 млн доллар)-ро ташкил дода буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.