Шуруъ аз охири моҳи июл нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба таври чашмрас баланд шудааст. Ронандагони Душанбе мегӯянд, субҳи 3 август нархи як литр бензини навъи 92, - 9 сомониву 80 дирам, навъи 95 - 10 сомониву 60 дирам ва газ бошад, ба 6 сомониву 50 дирам баробар шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳади ақал нимаҳои моҳи июл нархи газ 5,50 дирам ва бензини навъи 92 - 9 сомонӣ арзиш дошт.

Ҳамин тариқ, нархи сӯзишворӣ дар вилояти Суғд ҳам гарон шудааст. Ронандагони ин минтақа менависанд, ки дар баъзе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ як литр газро наздик ба 6 сомонӣ ва дар ҷойҳои дигар аз он ҳам зиёдтар нарх гузоштаанд. Арзиши як литр бензинро 10 сомонӣ ва маводи сӯхти дизелиро 9 сомонӣ мегӯянд.

Тамоюли гароншавии нархи сӯзишворӣ дар кишвар аз оғози соли равон мушоҳида мешавад ва бо гузашти вақт ин рақам ҳамоно дар ҳоли болоравӣ аст. Навъи серистеъмолтаринии бензин – АИ-92 тайи моҳҳои январ-феврали сол дар Душанбе 15% гарон шуд ва барои 1 литр аз 6,5 то 7,5 сомонӣ расида буд. Шуруъ аз оғози март нархи ин навъи бензин боз 4% боло рафта, ба 7,8-7,9 сомонӣ барои 1 литр баробар шуд. Ҳамин тариқ, бо гузашти моҳҳо нархи ин навъи сӯзишворӣ баландтар шуд ва дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 44,5% афзоиш ёфт. Танҳо давоми як моҳи охир бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 2,2% қимат шудааст.

Инчунин, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, бино ба маълумоти Агентии омор, дигар навъҳои сӯзишвории автомобилӣ низ хеле қимат шуданд: сӯзишвории дизелӣ – ба андозаи 31,7% ва гази моеъ – 20,1%.

Гуфта мешавад, ки тӯли 6 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 146 млн доллар наздики 262 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шуд. Ҳаҷми воридот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз рӯйи вазн ба андозаи 11% ва аз лиҳози арзиш  1,1% кам шуд.


Қобили зикр аст, ки ба Тоҷикистон маъмулан 3 навъи бензин ворид ва фурӯхта мешавад: АИ-92, АИ-95 ва АИ-98.

Коршиносон беқурбшавии асъори миллиро, ки тайи соли охир нисбат ба доллар ба андозаи 16,6% (қурби расмӣ) поин рафт, яке аз сабабҳои асосии гароншавии нархи сӯзишворӣ медонанд. Воридкунандагони ин навъи маҳсулот дар хориҷа сӯзишвориро бо асъори хориҷӣ харида, дар нуқтаҳои фурӯши дохили кишвар бо сомонӣ мефурӯшанд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳамвора таъкид мекунанд, ки қиматшавии нархи сӯзишворӣ дар кишвар ба нархи кишварҳои истеҳсолкунандаи он рабт дорад, вале тавре мушоҳида нишон медиҳад, давоми 10 соли охир дар кишварҳои истеҳсолкунандаи маводи сӯхт ин нарх бо каме фарқияти хурд иваз мешавад.

Зимни нишасти матбуотии 15 июл муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ Сафаралӣ Қурбонзода сабаби болоравии нархи сӯзишвориро дар ҷумҳурӣ ба афзоиши қимати он дар кишварҳои истеҳсолкунанда ва коҳиши воридот вобаста ба он рабт дод.

“Моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ арзиши бензини воридотӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин коҳиш ёфта, аз моҳи март боз афзуд. Ба ҳолати 12 июл нархи бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 8,70 то 9,50 сомониро ташкил дода, ҳозир дар бозори ин навъи сӯзишворӣ камбуд нест”, – гуфт Қурбонзода.

Умуман, гаронии сузишвории автомобилӣ ба нархи тамоми молу маҳсулот таъсир мерасонад. Инро ҳадди аққал бо як сабаби оддӣ шарҳ додан мумкин аст, ки таҳвили ибтидоии молу маҳсулот аз як нуқта, масалан аз Ҳисор то Душанбе, тавассути роҳи автомобилӣ сурат мегирад ва ҳар қадар сӯзишворӣ гаронтар бошад, ҳамон қадар арзиши расонидани мол баландтар мешавад. Нафаре, ки ин маҳсулотро дар Душанбе мефурӯшад, бо назардошти болоравии нархи таҳвил, нархи онҳоро боло мебарад.

Бояд гуфт, ки маводу сӯзишворӣ, аз ҷумла бензину сӯзишвории дизелӣ (солярка) ва гази моеъро Тоҷикистон асосан аз Русия ва Қазоқистон, инчунин дар ҳаҷми начандон зиёд аз Ӯзбекистону Туркманистон ворид мекунад.

Дар Тоҷикистон 29 ширкати воридкунандаи маводи сӯзишворӣ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, миёни ин ширкатҳо ҶДММ “Газпромнефт-Тоҷикистон” пешсаф буда, ҳудуди 40% аз ҳаҷми бензини воридотиро ба ҷумҳурӣ овардааст. Боз 11% аз ҳиссаи воридоти бензин ба кишвар ба ҶДММ “Сеганҷ” рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.