Зимни вохӯрии маҷозии вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо муовини раиси ноҳияи Синзян-Уйғури Чин Чэн Вэйтсзюн фаъолияти гузаргоҳи Қулма-Қаросу ва ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ байни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, кор дар гузаргоҳи Кулма - Карасу аз соати 10:00 ба вақти Пекин (соати 07:00 ба вақти маҳаллӣ) оғоз мешавад.

“Тибқи маълумоти бадастомада, тавассути ин гузаргоҳ дар як рӯз то 30-35 контейнер бор мегузарад. Дар 7 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти бор бо нақлиёти автомобилӣ тариқи ин гузаргоҳ 36 ҳазору 831 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17% зиёд аст”, - омадааст дар хабар.

Азим Иброҳим ба ҷониби Чин пешниҳод кардааст, ки дар баробари интиқоли контейнерӣ бо назардошти иваз кардани кантейнерҳҳои холӣ интиқол бо  ядак ва нимядак дар минтақаи нейтралӣ анҷом дода шавад.

Ба ақидаи вай, механизми пешниҳодшуда хароҷоти иловагии молиявиро талаб накарда, ба афзоиши ҳаҷми боркашонӣ мусоидат хоҳад кард.

Вазири нақлиёт ҳамчунин иброз доштааст, ки бо мақсади пурзӯр кардани назорат аз болои вазъи эпидемиологӣ дар гузаргоҳи Кулма-Карасу бори дигар баррасии масъалаи қабули контейнерҳои холии Тоҷикистон бе пардохти иловагӣ зарур аст. Аз ҷониби Чин даъват шуд, ки ҳар рӯз баъд аз соати 16 -и вақти Душанбе ба кори кранҳои Тоҷикистон барои бор кардани контейнерҳо аз минтақаи бетараф мусоидат намояд.

Илова бар ин, аз ҷониби вазири нақлиёт пешниҳод гардид, ки дар интиқоли моле, ки зиёда аз як сол дар анборҳои шаҳри Кошғар истодаанд бо нархи қобили қабул барои ҷониби Тоҷикистон мусоидат намоянд.

Ҷониби Чин итминон дод, ки ин масъалаҳои пешниҳодшударо баррасӣ мекунад.

Ба ҷуз вазири нақлиёт дар ин вохӯри инчунин намояндагони вазоратҳои нақлиёт, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, қушунҳои сарҳадии КДАМ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти гумрук, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Кумитаи амнияти озуқаворӣ, ҷамъиятҳо ва ассотсиатсияҳои боркашонӣ иштирок карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.