Чанде пеш дар кӯчаи Шарқи шаҳри Хуҷанд маросими тантанавии ифтитоҳи бинои филиали КВД Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон - “Саноатсодиротбонк” доир гардид.

Дар ин маросим раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси бонки “Саноатсодиротбонк” Ҳокимшо Бобозода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳузур доштанд.

Филиали бонк бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорони ватанӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, бахусус дар вилояти Суғд - яке аз минтақаҳои бузурги саноатӣ ва содиротӣ дар Тоҷикистон боз шуд.

Аз замони таъсисёбиаш”Саноатсодиротбонк” ба сифати сармоягузори дохилӣ барои дастгирии корхонаҳои саноатии кишвар фаъолият намуда, то имрӯз ба 223 субъекти хоҷагидор бо шумули соҳибкорони феълии вилояти Суғд зиёда аз 326 млн сомони қарзҳои имтиёзнок ҷудо кард.


Айни замон бонк ҷиҳати қарздиҳӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда машғуланд, афзалият дода, ба онҳо бо фоизҳои паст қарз медиҳад. Ҳамзамон бонк ба дигар мизоҷон воситаҳои гуногуни қарздиҳӣ пешниҳод мекунад.

Дар филиали бозшуда зиёда аз 20 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши шоиста таъмин  мешаванд. Филиал ба пешниҳоди ҳама гуна навъҳои хизматрасонии бонкӣ имкон дошта, ҳадаф аз ин сармоягузории минбаъда ба рушди саноат ва имконоти содиротии кишвар мебошад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳ изҳор намуд, ки филиали бонк баҳри рушди иқтисоди миллӣ, дастгирии соҳибкорон ва бахусус роҳандозии содироти молу маҳсулот ба хориҷи кишвар шароитҳои нави мусоид фароҳам меоварад.


Дар маросим зикр шуд, ки кормандони “Саноатсодиротбонк” таҳти шиори “Дониш, соҳибкасбӣ ва масъулият” фаъолият мекунанд.

Қобили зикр аст, ки бо қарори президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати Тоҷикистон” ба КВД Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон - “Саноатсодиротбонк” табдил дода шуд. Ҳадафи аслии он дастгирии тиҷорати хурду миёна, бахусус дар бахши истеҳсолот ва содиркунандагони ватанӣ унвон мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.