Афзоиши устувори вуруди сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон имсол аз беҳтар шудани фазои тиҷорат дар кишвар шаҳодат намедиҳад, балки ба гумони ғолиб таваҷҷӯҳи дубораи сармоягузорони хориҷиро ба саноати истихроҷи кӯҳӣ нишон медиҳад, гуфта мешавад дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) таҳти унвони “Иқтисод барқарор мешавад, мушкилот боқӣ мемонанд” (Экономика восстанавливается, сложности остаются).
Дар гузориш зикр мегардад, ки дар нимаи аввали соли 2021 вуруди сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон пас аз таназзули соли гузашта 43% афзоиш ёфт.
“Аз се ду ҳиссаи сармояи мустақими хориҷӣ, ки имсол ба ҷумҳурӣ ворид шуданд, ба саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ рост омада, нишондиҳандаи соҳаҳои нақлиёту сохтмон дар ин смат хеле поинтаранд (6-7%)”, - омадааст дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ.
Гуфта мешавад, аз чор се ҳиссаи тамоми сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аз ҷониби Чин аст.
“"Сармоягузорӣ аз Русия тақрибан то ба 7% аз ҳаҷми умумӣ поин рафта, аз рӯйи нишондиҳандаҳо дуюмин манбаи сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ аст”, - гуфта мешавад дар гузориши Бонк.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, соли 2020 ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон 162,5 млн долларро ташкил дод, ки 53% камтар аз нишондиҳандаи соли гузашта мебошад.
Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 43,7 - то 118 млн доллар афзоиши сармоягузории хориҷии мустақим сабт шудааст.
Двавоми солҳои 2007-2020 ба иқтисоди Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз 65 кишвари саросари дунё зиёда аз 10,3 млрд доллар сармоягузории хориҷӣ ҷалб шудааст, ки ҳудуди 30%-и он ба Чин рост меояд.
Пас аз аз Чин Русия (1,6 млрд доллар), ИМА (703 млн доллар), Британияи Кабир (694 млн доллар) ва Қазоқистон (577 млн доллар қарор доранд.
Сармоягузории Чин тақрибан дар ҳама бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон ба мушоҳида расида, ба соҳаҳои иктишоф ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, алоқа, сохтмон, хидматрасонии молиявӣ, электроэнергетика, зерсохтор, саноати кимиё ва нассоҷӣ, инчунин бахши кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ афзалият дода мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Чӣ гуна метавон шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистонро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз кард?
“Иқдоми носанҷида”. Хадамоти алоқа аз ширкатҳои мобилӣ хост, нархи тарофаҳоро дубора боло набаранд
Visa дар бораи рушди технологияҳои рақамии пардохтӣ дар Тоҷикистон нақл кард
Байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ имзо шуд
То охири сол дар Тоҷикистон пас аз таъмиру навсозӣ 5 роҳи мошингард ба истифода дода мешаванд
Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин сафари расмӣ ба Италия ва Ватикан рафт
Боздошти 2 ҷавон дар Хатлон барои латукӯби омӯзгор
Филмномаи “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” тасдиқ шуд. Филмбардорӣ кай оғоз мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста