Дар як ҷаласаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат, ки аз 6 то 8-уми декабри соли равон дар шаҳри Женеваи Швейтсария бо ҳузури намояндагони 164 кишвари аъзо баргузор гардид, Тоҷикистон нахустин “Тафсири сиёсати савдо”- и худро рӯнамоӣ кард. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа ҳайати расмии Тоҷикистон зери роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ширкат намуд.
Завқизода зимни муаррифии тафсир гуфтааст, баъди узвияти Тоҷикистон сарфи назар аз таъсири паёмадҳои омилҳои берунӣ вобаста ба буҳронҳои иктисодию молиявӣ, низоҳои тиҷоратӣ, таҳримҳои иқтисодии баъзе давлатҳо ва паҳншавии пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон ҳаҷми содирот ду маротиба, номгӯи молҳои содиротӣ 1,8 маротиба, истеҳсоли молҳои саноатӣ 2,1 маротиба ва кишоварзӣ 1,3 маротиба афзоиш ёфтааст.
Номбурда гуфтааст, ки маҳз дар ин давра бори аввал дар кишвар Равзанаи ягона оид ба содагардонии амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, инчунин Портали савдои Тоҷикистон таъсиси ёфт.
Ҳамчунин, раисикунандаи ҷаласа сафири Ботсвана дар назди СУС ва сафири Корея Таеҳо Ли зикр намудааст, ки Тоҷикистон дар давраи узвият дар СУС рушди миёнасолонаи иқтисодиро дар ин давра 7 фоиз ва рушди миёнасолонаи савдоро 10% таъмин намуд.
Ёдовар мешавем, ки 2 марти соли 2013 баъд аз 11 соли давраи гуфтушунидҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон 159–ум узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста