Нуқтаҳои бонкии мубодилаи асъори Тоҷикистон тайи рӯзҳои ахир аз харидани доллари амрикоӣ худдорӣ мекунанд.
Кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор ин ҳолатро ба мавҷуд набудани асъори миллӣ - сомонӣ марбут медонанд.
Дар ҳамин ҳол, қурби хариди доллари нақд дар ҳафтаи ахир ба таври назаррас - ба ҳисоби миёна ба андозаи 5% (аз 13 то 12,30 сомонӣ барои 1 доллар) поин рафт.
Ҳамчунин қурби фурӯши доллар ба андозаи начандон назаррас - аз 13,04 то ба 12,94 сомонӣ кам шуд.
Имрӯзҳо қариб дар ҳамаи марказҳои бонкӣ нафаронеро дидан мумкин аст, ки мехоҳанд долларро ба сомонӣ иваз кунанд. Қаблан акси ҳол ба мушоҳида мерасид, мардум бештар доллар харидан мехостанд.
Бонкҳо бо камоли майл долларро мехариданду лекин намефурӯхтанд ва сабаб пеш меоварданд, ки доллар надоранд.
Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад.
Ҳолати ғайримуқаррарии мавҷударо дар бозори асъори Тоҷикистон коршиносон ба тамоилҳои сиёсӣ, молиявӣ ва иқтисодии кунунӣ дар Русия, аз ҷумла нияти мақомоти Русия барои фурӯши гази табиӣ бо рубл вобаста медонанд. Тайи ҳафтаи ахир қурби рубл нисбати доллар дар бонкҳои Русия 10% боло рафт.
Қурби рубл нисбат ба пули милли Тоҷикистон - сомонӣ низ боло рафта, аз 125 сомонӣ барои 1000 рубл дар рӯзи 25 март то ба 151 сомонӣ барои имрӯз, 30 март зиёд шуд.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон то ҳанӯз вазъияти ҳозираро дар бозори дохилии асъори ҷумҳурӣ шарҳ намедиҳад.
Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар имрӯз ба мисли ахири ҳафтаи гузашта дар сатҳи 12,96 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Ташнаи коргар”. Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста