Бонки ҷаҳонӣ гузориши худро доир ба пешгӯиҳо барои иқтисоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба нашр расонид, хабар медиҳад Forbes.

Бар асари “амалиёти махсус”-и Русия Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Украина дар соли 2022 ба андозаи 45,4% ва ММД-и Русия - 11,2% кам шуда метавонад. Иқтисоди Беларус, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Молдова низ коҳиш ёфта, ММД-и кишварҳои боқимонда дар сатҳи начандон зиёд боло хоҳад рафт.

Бар асоси пешгӯии ахири иқтисодии Бонки ҷаҳонӣ, зарбаи асосӣ аз паёмадҳои "амалиёти махсус" дар Украина ва таҳримҳо алайҳи Русия ба бозорҳо ва кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ хоҳад расид. Таҳлилгарони ин созмон пешбинӣ мекунанд, ки иқтисоди ин минтақа соли 2022 дар маҷмӯъ  4,1%, Русия - 11,2% ва Украина 45,1% коҳиш хоҳад ёфт.

Пеш аз оғози "амалиёти махсус" Бонки ҷаҳонӣ афзоиши иқтисоди минтақаро дар соли 2022 дар атҳи 3% пешбинӣ карда буд. Зикр мешавад Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Украина 45,1% коҳиш ёфта, нишондиҳандаи ниҳоӣ ба давомнокӣ ва шиддатнокии "амалиёти махсус" вобаста хоҳад буд.

Тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, Русия, "аллакай ба таназзули амиқ гирифтор шуда," соли 2022 ММД-и он 11,2% коҳиш хоҳад ёфт. Барои Русия Бонки ҷаҳонӣ коҳиши сармоягузориро ба андозаи 16,9%, содиротро - 30,9%, воридотро - 35,2% пешбинӣ мекунад. Сатҳи таваррум, тибқи пешбинии БҶ, то 22 фоиз ва ҳиссаи аҳолии зери хатти фақр аз 11 фоиз то 12,8 фоиз боло меравад.

Аввали моҳи март Goldman Sachs 10% ва Barclays - 12,4% коҳиши иқтисоди Русияро пешгӯӣ карданд. OECD пешгӯӣ кард, ки дар натиҷаи "амалиёти махсуси низомӣ"-и Русия дар Украина афзоиши ММД дар ҷаҳон 1% коҳиш меёбад ва таваррум ба ҳисоби миёна 2,5 банди фоизӣ боло меравад. Ин созмон таназзули иқтисодиро дар Русия 10%, дар Украина то 40% арзёбӣ кардааст.

Қобили зикр аст, ки пас аз 24 феврал Бонки ҷаҳонӣ ба Украина ба маблағи 925 млн доллар маблағгузори таъҷилӣ ҷудо кард, ки як қисмате аз бастаи дастгириҳои баробар ба 3 млрд доллар  буда, моҳҳои наздик ба ин кишвар фиристода мешавад.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ ишора мешавад, ки бӯҳрони Украина ба бозорҳои молу маҳсулот, ҳамчунин ба равобити тиҷоратӣ ва муҳоҷират таъсир карда, коҳиши шадиди иқтисоди ҷаҳонӣ, таваррум ва афзоиши қарзро шадидтар хоҳад кард. Ин бонк пешгӯӣ мекунад, ки дар соли 2022 иқтисоди Беларус, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Молдова коҳиш ёфта, ММД-и кишварҳои боқимонда дар сатҳи начандон зиёд боло хоҳад рафт. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Аврупои Шарқӣ умуман 30,7 фоиз кам мешавад.

Сариқтисодчии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Аслӣ Демиргуч-Кунт гуфтааст, буҳрон "метавонад солҳои зиёд афзоиши даромад ба ҳар сари аҳолӣ ва дастовардҳои рушдро канор бигузорад".
Ҳудуди 40%-и воридоти гандум дар минтақа ва наздики 75% ва зиёдтар аз он ба Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ ба Русия ва Украина рост меояд. Русия инчунин як кишвари асосии содирот барои бисёре аз давлатҳо ба шумор меравад, дар ҳоле ки интиқоли пул аз Русия тақрибан 30% ММД-ро дар баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қирғизистон, Тоҷикистон) ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.