Афғонистон барои истифодаи барқе, ки аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ин кишвар интиқол дода мешавад, зиёда аз 100 млн доллар қарздор шуд, хабар медиҳад Tolo news бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои об.
Гуфта мешавад, намояндаи Вазорат Ахтар Муҳаммад Нусрат зикр кардааст, ки онҳо ба пардохти қарз омодаанд, лекин бонкҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ айни замон дар мавриди интиқоли пул мушкилӣ доранд.
Tolo news менависад, роҳбари собиқи ширкати энергетикии афғонии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) Амонулло Ғоиб изҳор доштааст, ки Афғонистон дар як сол ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои хариди барқ ҳудуди 300 млн доллар пардохт мекунад.
“Қисмати зиёди барқро Афғонистон аз Ӯзбекистон мехарад, ки ҳудуди 108 млн долларро дар як сол ташкил медиҳад. Айни замон дар пардохт бо суратҳисобҳо мушкил ҷой дорад”, - гуфтааст ӯ ва илова намудааст, ки даргириҳо дар Украина кору амалиётҳои бонкиро барои кишварҳои ҳамсоя душвор кардааст.
Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода хабар дод, ки қарзи DABS назди Тоҷикистон аз барқ ба 33 млн доллар баробар аст.
Ба гуфтаи ӯ, раҳбарияти ширкати энергетикии Афғонистон ваъда дода буд, ки моҳи феврал бо Тоҷикистон қарзашро ҳисоббаробарӣ мекунад.
Моҳи феврал Асозода хабар дод, ки қарз то 27 млн доллар коҳиш ёфта, ширкати Афғонистон моҳи январ 2 млн ва моҳи феврад 4 - млн доллари қарзро пардохт.
Ба назари коршиносон, Афғонистон зиёда аз 80% барқро аз кишварҳои ҳамсоя мегирад ва агар ин кишварҳо интиқолро қатъ кунанд, манзили зиёда аз 10 млн афғонҳо бе барқ мемонад.
Мушкили асосии пардохт нашудани қарзро роҳбари “Барқи тоҷик” ба вазъи душвор дар низоми бонкии Афғонистон марбут медонад. Ӯ таъкид дошт, ки айни замон бонкҳои Афғонистон ба DABS ҷиҳати пардохти маблағи барқ аз Тоҷикистон танҳо 2 млн доллар дар як ҳафта дода метавонанд.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар мавсими тирамоҳу зимистон дар ҳаҷми начандон зиёд - шабонарӯзӣ 40 мегаватт-соат интмиқол дода шуда, дар мавсими баҳору тобистон (моҳҳои май-сентябр) ҳаҷми интиқол то 400 мегаватт-соат зиёд мешавад.
Охири моҳи декабри соли гузашта “Барқи тоҷик” ва DABS ба замимаи созишномаи дар соли 2008 имзошуда дар бораи интиқоли барқ ба Афғонистон то соли 2028 протокол ба имзо расониданд.
Ба ғайр аз ҳаҷмҳои зикршуда дар протокол зикр шудааст, ки барои ҳар як киловатт-соат барқ аз Тоҷикистон DABS 4,67 сент пардохт мекунад.
Бино ба маълумоти “Барқи тоҷик”, соли 2021 Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи 635,9 млн сомонӣ (56,3 млн доллар) барқ интиқол додааст.
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста