Ширкати сохтмонии "Комил 2010", ки ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои раисҷумҳури Тоҷикистон марбут аст, аз андоз беш аз 4 млн сомонӣ қарздор будааст. Дар ин бора, Нусратулло Давлатзода, раиси Кумита андози Тоҷикистон имрӯз, 14 июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ӯ гуфт, маҳз самаранок истифода накардани маблағи ҷалбгардида аз ҷониби ин ширкат ва сари вақт иҷро накардани уҳдадорӣ боиси қарздорӣ дар назди буҷети давлат гардидааст.
“Маблағро мегирад, аммо самаранок истифода намебарад. Роҳбарӣ карда наметавонад. Босифат кор карда наметавонад. Ба монанди ҳамин омилҳои зиёде ҳастанд, ки (ширкатро) ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мекунанд”,- нигаронӣ кард Давлатзода.
Ӯ афзуд, дар баробари ширкати “Комил 2010” дигар ширкатҳо низ ба чунин мушкилӣ мувоҷеҳанд.
Интиқоди шадиди роҳбари идораи андози Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи феврали соли 2020 Баҳром Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлоб дар як нишасти матбуотӣ моликони ширкати "Комил-2010"-ро танқид кард буд.
Дар ҳамин ҳол, Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмону меъмории Тоҷикистон дар нишасти матбуотии соли гузаштааш гуфта буд, ки ширкатҳои Бег Сабур “Комил-2010” ва “Ниагара” бо дастури раиси шаҳри Душанбе вориди “рӯйхати сиёҳ” шудаанд ва ба онҳо дигар иҷозаи сохтмон дода намешавад.
- Аз ин пас, ба Бег Сабуров дар Душанбе дигар иҷозатномаи сохтмон намедиҳанд, - гуфта буд ӯ.
Дар Душанбе сохтмони якчанд биноҳои баландошёнаро ба Бег Сабур марбут медонанд. Аксаран аз ҷараёни сохтмону сифати корҳои ин биноҳо розӣ набуда, лекин бинобар арзонтар будани хонаҳо нисбат ба дигар сохтмонҳо, ба онҳо таваҷҷуҳ мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста