Дар ду агрегати неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки айни замон бо иқтидори хурд кор мекунанд, дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳудуди 910 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, хабар медиҳад ШСХК “Барқи тоҷик”.
Ин нишондиҳада ба андозаи 53% зиёдтар нисбат ба НБО “Сангтӯда-2” (430 млн кВт/соат) буда, лекин ба миқдори 30% камтар аз НБО “Сангтӯда-1” (1 млрд 292 млн кВт/соат) мебошад.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ дар ин давра 10,4 млрд кВт/соатро ташкил додааст, ки 3,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.
Қарзи кредитории ширкати “Барқи тоҷик” оид ба пардохти барқи гирифтааш аз НБО “Роғун” дар нимсолаи аввал 786 млн сомонӣ (зиёда аз 75 млн доллар)-ро ташкил додааст.
Ёдрас мекунем, ки ду гидроагрегати НБО “Роғун” (№6 ва №7), ки бо иқтидори ҳадди ақал кор мекунанд, мутаносибан моҳи нобяри соли 2018 ва сентябри соли 2019 ба истифода дода шуданд. Иқтидори агрегатҳо вобаста ба баландии сарбанд ва сатҳи об дар обанбори Роғун меавонад зиёд карда шавад. Барои кор бо иқтидори ҳадди ақал қисматҳои муайяниа агрегатҳоро иваз кардан лозим аст.
Дар толори мошинҳои НБО “Роғун” насби 6 гидроагрегат бо иқтидори 600 МВт ҳар кадоме дар назар аст. Дар назар аст, ки сохтмони неругоҳ соли 2033 пурра ба анҷом расонида мешавад.
Тибқи арззёбиҳои пешакӣ, барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” 5 млрд доллар лозим аст, лекин арзиши чунин иншооти бузурги сохтмонаш дарозмуҳлат бо гузашти солҳо метавонад тағйир ёбад.
Айни замон лоиҳаи сохтмони неругоҳи “Роғун” танҳо аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешавад, ки барои тибқи нақша идома додани бунёди иншоот кофӣ нест.
Президенти Тоҷикистон Эммалӣ Раҳмон нимаи моҳи июли соли равон зимни вохӯрӣ бо бинокорони неругоҳи “Роғун” хабар дод, ки давоми солҳои 2008-2021 барои амалисозии лоиҳа зиёда аз 31 млрд сомонӣ равона гардид.
Сарвари давлат зикр кард, ки соли 2022 барои идомаи сохтмони неругоҳ 2,6 млрд сомонӣ ҷудо карда мешавад.
“Бо табар якеро захмӣ кард”. Муноқишаи хонандагони ду мактаб дар Душанбе
Ба ҷойи ҳаҷ. Сокинони Шаҳристон роҳ ва дар мактабҳо ошхона сохтанд
Дар мусобиқаи ҷаҳонии “Abu-Dhabi Grand Slam - 2024” Тоҷикистонро 6 ҷудокор муаррифӣ мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Беморӣ аз ваҳму хиёл”
Чӣ гуна метавон забони яғнобиро ҳифз кард?
Тоҷикон мошини сайёҳони чехро таъмир мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дуои марди коҳил”
Тақдири замини “Зелёний бозор” чӣ шуд? Чаро то имрӯз дар ҷойи он иншооте насохтаанд?
Ба ВМКБ ангишт бо нархи дастрас ва кумак барои ниёзмандон фиристода шуд
Як корманди Додгоҳи вилояти Суғд ба қаллобӣ муттаҳам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста