Дар Тоҷикистон нархи миёнаи як халта орди вазнаш 50 кило 20 сомонӣ поин рафт. Мақомот мегӯянд, ин ба туфайли афзоиши захираи гандум ва орд имконпазир гардида, сокинон боз ду сабаби дигар - камшавии талабот ва ғайриимкон будани захираи орд дар анборҳоро номбар мекунанд.
Тоҷирон дар минтақаҳо низ аз арзоншавии орд хабар медиҳанд. Ба гуфтаи сокинони ноҳияи Айнӣ, рӯзи 4 август онҳо орди навъи 1-умро бо нархи 360 сомонӣ ва навъи 2-юмро - 340 сомонӣ харидаанд. Аз дигар шаҳру навоҳии кишвар низ ба идораи “Азия-Плюс” чунин хабарҳо расид.
Дар ярмаркаҳои мақомот дар шаҳри Душанбе орди навъи дуюмро метавон 300-320 сомонӣ харидорӣ намуд. Нархи халтаи 50-килоии орд вобаста ба навъаш дар бозорҳои пойтахт дар умум 320-360 сомониро ташкил медиҳад.
Қаблан аҳолӣ аз гаронии орди гандум шикоят карда, баъзе оилаҳо қариб тамоми даромади моҳонаи худро барои харидани ин маҳсулот сарф мекарданд.
Орди арзон метавонад муҳлаташ гузашта бошад
Ба гуфтаи намояндагони мақомот, поинравии арзиши маҳсулоти асосӣ барои тоҷикистониён ба туфайли захираи гандум ва орди тайёр дар анборҳо муяссар шудааст.
Сабаби дигарашро истеъмолгарон шарҳ доданд. Ба гуфтаи онҳо, бар асари ҳавои гарм орд ба вайроншавӣ сар карда, аз ин рӯ, савдогаронро лозим аст, ки маҳсулоташонро зудтар то ба охир расидани муҳлати истифодааш фурӯшанд. Онҳо ордро дар анборҳо нигоҳ дошта, умедвор буданд, ки нархи он баланд мешавад.
Акрам Хуррам, сокини шаҳри Турсунзода орди вайроншударо харидааст, ки дар он кирмҳо пайдо шудаанд. Маълум шудааст, ки муҳлати нигаҳдории маҳсулот гузаштааст.
Акрам тавсия медиҳад, ки пеш аз харидани орд муҳлати истеҳсол ва санаи ба охир расидани муҳлати коршоямии онро санҷидан лозим аст. Корхонаҳои истеҳсоли орди Тоҷикистон одатан муҳлатҳои коршоямии онро нишон медиҳанд, лекин дар савдои чакана коғази (тамғаи) ин навиштаро мекананд.
“Беҳтараш аз чунин нуқтаҳои фурӯш орд нахаред, - маслиҳат медиҳад истеъмолгари ҷабрдида. - Маҳсулотро бозпас гирифта, пуламро баргардониданд, лекин барои нақлиёт вақту пулам харҷ шуд”.
Боз як сабаби дигари ин ҳолат дар он ифода меёбад, ки дар аксарияти деҳаҳо талабот ба орд кам шуд.
“Ман ордро барои тайёр кардани маснуоти гуногун аз хамир харида, барои нонпазӣ бошад, гандум захира кардам ва ҳар моҳ онро ба осиёби маҳаллӣ барои ордкунӣ мебарам”, - мегӯяд сокини яке аз деҳаҳои ноҳияи Шаҳринав Абдуманнон Азимов.
Тибқи пешгӯии Вазорати кишоварзӣ, имсол ҳосили зироати ғалладона дар Тоҷикистон бояд зиёда аз 1,5 млн тонна, аз ҷумла беш аз 900 ҳазор тонна гандумро ташкил диҳад.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон гандумро қариб пурра аз Қазоқистон ворид мекунад. Дар ҳамин ҳол, солҳои ахир воридоти орд камтар шуда, воридоти гандум баръакс, зиёд мешавад. Ин ба он вобаста аст, ки дар Тоҷикистон корхонаҳои нави коркарди гандум ба кор даромаданд ва айни замон қариб 90%-и талаботи кишварро ба орд таъмин мекунанд.
“Сердаромадтарин соҳаи боғдорӣ”. Чӣ тавр аз парвариши ангур метавон сарватманд шуд?
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста