Дар доираи кори форуми соҳибкорони вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон 12 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд.

Дар бораи маблағи созишномаҳо мушаххасан маълумот дода намешавад.

Дар форум зикр шуд, ки айни замон дар вилояти Суғд 800 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо 300 номгӯи молу маҳсулот истеҳсол мешавад. Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар минтақа имконот зиёд буда, доираҳои тиҷоратӣ метавонанд ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногун ривоҷ диҳанд.

Айни замон вилояти Суғд бо зиёда аз 60 кишвари дунё муносибатҳои иқтисодӣ дорад ва ҳаҷми солонаи гардиши савдои хориҷӣ 2,5 млрд долларро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот бо минтақаҳои Ӯзбекистон дар муқоиса бо соли 2017 ду баробар афзуда, дар соли 2021 ба 207,5 млн доллар расид. Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 197 млн доллар баробар шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.