Моҳи гузашта нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 2,5% поин рафта, арзиши маҳсулоти ғайриозуқа 0,3% ва арзиши хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ - 0,1% зиёд шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Кадом маҳсулот арзон шуд?

Бино ба маълумоти Агентӣ, моҳи август нархи маҳсулоти зерин поин рафт:

- маснуоти нонӣ ва ярма – ба андозаи 3,4% (асосан аз ҳисоби поинравии нархи орди навъи 1-ум ба андозаи 4,8%);

- сабзавот – 6,3% (аз ҷумла пиёз – 14,8%, картошка – 12,7%, бодиринг – 1,3%, сабзӣ –  0,1%);

- равған ва чарбу – 3,9% (равғани растанӣ – 6,2%, равғани офтобпараст – 2,5%);

- меваҳо – 3% (ангур – 16,2%, нок – 5,8%, себ – 3,1%);

- шакар (қанд) – 3,6%;  

- шир – 2,3%;

- гӯшти гӯсфанд – 1,1%;

- гӯшти мурғ – 0,2%.

Дар ҳамин ҳол, помидор ба андозаи 19%, харбуза - 10,5%, карам - 0,3%, биринҷ - 0,2%, маҳсулоти гӯштӣ - 0,2%, аз ҷумла гӯшти гов - 0,8% қимат шуданд.

Таваррум аз оғози сол кам шуд

Тибқи маълумоти Агентии омор, давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ сатҳи таваррум аз 4,6% то 3,3% поин рафт.

Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ маҳсулоти хӯрокворӣ ба миқдори 4,9%, маҳсулоти ғайриозуқа - 3% боло рафта, хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ баръакс - 0,8% арзон шуд.

Дар ин давра маҳсулоти зерин нисбатан бештар қимат шуд: сӯзишвории дизелӣ (ба андозаи 18,2%), маводи шусттушӯ - 13,8%, сабзавот - 13,5%, шакар (қанд) - 13%, маснуоти нонӣ ва ярма - 10,6%, маҳсулоти доруворӣ - 7,5%, тухм - 7,3%, шир - 4,1%).

Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2022 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст. Дар соли 2021 низ ба ҳамин миқдор болоравии нарху таърифаҳо (тарифҳо) дар назар буд, лекин сатҳи таваррум аз рӯйи натиҷаҳои сол 8%-ро ташкил дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.