Сафири Беларус дар Русия Дмитрий Крутой зимни вохӯрӣ бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода изҳор намуд, ки кишвараш ба таъмини Тоҷикистон бо ҳама гуна навъи техникаи мошинсозӣ омода аст, хабар медиҳад дафтари матбуоти намояндагии диплорматии Беларус дар Маскав.

“Ин ҷо пеш аз ҳама, сари техникаҳо барои кон ва роҳҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ дар саноати маъдани кӯҳӣ ва соҳаи электроэнергетика сухан меравад”, - омадааст дар хабар.

Крутой имкони афзоиши назарраси таҳвили навъҳои нави автобус, мошинҳои боркаш, маҳсулоти коркарди чӯб, нафту кимиё ва металлургияи истеҳсоли Беларусро ба бозори Тоҷикистон таъкид кард.

Сурат: хадамоти матбуоти сафорати Беларус дар Русия

Ӯ хоҳиши ифтитоҳи истеҳсолот оид ба васлу ҷамъи лифт, техника ва мебелро изҳор намуд. Ҳамчунин ӯ пешниҳод кард, ки қабули ҳадафноки шаҳрвандони Тоҷикистон ба макотиби олии Беларус зиёд шуда, фаъолияти факултаҳои муштарак рушд ёбад.

Гуфта мешавад, ин гуфтаҳои сафири Беларус дар посух ба суханони сафири Тоҷикистон дар бораи эълон шудани солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат дар Тоҷикистон баён шудааст.

“Дар ин давра таъмини солонаи рушди иқтисод ба ҳисоби миёна дар сатҳи на камтар аз 7%, ду баробар афзоиши ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ, таъсиси беш аз 500 ҷойҳои холии корӣ ва коҳиши сатҳи камбизотаӣ то 15% ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳалли ин вазифаҳо иштироки фаъолонаи ширкатҳои Беларус пешниҳод мешавад. Ҷудогона хоҳиши дар Минск тайёр намудани мутахассисони тоҷик барои соҳаҳои гуногун изҳор шуд”, - омадааст дар хабар.

Ҳамчунин ҷонибҳо масоили муқовимат ба таҳримҳои Ғарб, имкони ифтитоҳи хатсайрҳои нави логистикӣ ба бозори кишварҳои сеюм, аз доллар даст кашидан дар ҳисоббаробариҳо ва воситаҳои молиявии дастгирии содирот ва лоиҳаҳои муштаракро низ баррасӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, дар шароити кунунӣ ҷонибҳо болоравии нақши бозори кишварҳои ИДМ-ро ҳам аз лиҳози иқтисодӣ ва ҳам гуманитарӣ, инчунин дар соҳаи амният эътироф намуданд.

“Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки талошҳои муштаракро дар доираи ИДМ барои пешбурди ташаббусҳои муҳимтарин ҷиҳати коҳиш додани монеаҳои тиҷоратӣ, таҳкими таъминоти логистикӣ ва дастгирии молиявии корхонаҳо ҳамоҳанг созанд”, - илова мешавад дар хабар.

Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус давоми моҳҳои январ-августи соли равон ҳудуди 45 млн долларро ташкил додааст. Наздик ба 90% аз ҳаҷми умумии савдои дуҷониба ба содироти молу маҳсулот аз Беларус ба Тоҷикистон рост меояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.