Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ба ихтиёри ширкати “Алибобо ва 40 К” додани қитъаи замини масоҳаташ 6 гектар барои сохтмони корхонаи замонавии истеҳсоли маҳсулоти оби ҷав, нӯшокиҳои ташнашикани гуногунранг ва тарабхонаи брендӣ бо фурӯши маҳсулоти оби ҷав қарор ба имзо расонид.
Қарори марбутаи ҳукумат, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шудаааст, аз 31 август қабул шудааст.
Гуфта мешавад, қитъаи замини 5,27 гектар корами обӣ ва 0,73 гектар дигар заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашавандаро ширкати “Алибобо ва 40 К” ба истифодаи бемуҳлат бе ҳуқуқи бегонакунии ҳуқуқи истифодабарӣ мегирад.
Дар ин санад дастур дода шудааст, ки қитъаи замини мазкур аз КВД “Лучоб” дар қаламрави ноҳияи Варзоб гирифта шавад.
“Алибобо ва 40 К” уҳдадор мешавад, ки то гирифтани қитъаи замин товони зарари заминистифодабарандаро дар ҳаҷми пурра ҷуброн намояд.
Ҳамчунин ширкат бояд маблағи талафи вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиши кишоварзиро ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн намояд. Ҳаҷми ин маблағ 1 млн 276 ҳазору 932 сомонӣ (ҳудуди 130 ҳазор доллар) зикр шудааст.
Дар санад гуфта мешавад, қитъаи замини додашударо ширкат бояд бо тартиби муқарраргардида мувофиқи таъиноти мақсаднок истифода кунад.
Аз манбаъҳои кушод дар бораи ширкати “Алибобо ва 40 К” ягон маълумот дарёфт нашуд.
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
“Эҳтимоли хуруҷи беморӣ зиёд аст”. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ширкатҳои сайёҳӣ хост, ҷаҳонгардонро ба Саратоғ набаранд
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста