Ширкатҳои "Барқи тоҷик"  ва “Брешно” (Корхонаи миллии барқи Афғонистон ё DABS) созишномаи интиқоли барқро аз Тоҷикистон ба Афғонистон барои соли 2023 тамдид карданд. Дар ин бора Вазорати энергетика ва оби ҳукумати Толибон* хабар додааст.

Ин ниҳод бо нашри чанд акс аз маросими имзои созишнома дар саҳифаи расмиаш дар “Твитер” гуфтааст, ки қарордодро Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати "Барқи тоҷик"  ва Мулло Муҳаммад Ҳаниф "Ҳамза", раиси иҷроияи ширкати "Брешно"  (DABS) дирӯз, 10-уми январ, дар давлати Туркия имзо кардаанд.

Гуфта мешавад, ки дар маросими имзои созишнома Мулло Абдуллатиф Мансур, сарпарасти Вазорати энергетика ва оби ҳукумати Толибон низ ҳузур доштааст.

Дар бораи ҷузъиёти бештари созишнома, ки Тоҷикистон ба ин кишвари ҳамсоя чӣ қадар барқ ва бо кадом шарту шароит пешниҳод мекунад, иттилоъ дода нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки тобистони соли гузашта масъулини "Брешно" гуфта буданд, ки интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон қариб як баробар зиёд шудааст.


Баъди омадани Толибон ба раъси ҳукумати Афғонистон дар моҳи декабри соли 2021 Тоҷикистону Афғонистон дар мавриди интиқоли барқ аз Тоҷикистон барои соли 2022 ба тавофуқ расиданд.

Ширкати “Барқи тоҷик” гуфта буд, ин як қарордоди иловагии ҳанӯз соли 2008 баимзорасида ба созишномаи байни ҷонибҳо мебошад ва "имзои қарордоди иловагӣ фақат ҷанбаи иқтисодӣ дорад".

“Тибқи илова ба созишнома барои соли 2022, дар давраи баҳору тобистон (май-сентябр) Афғонистон аз Тоҷикистон ҳамарӯза 400 МВт/соат ва дар давраи тирамоҳу зимистон (октябр-апрел) - 25-30 МВт/соат барқ мегирад, ки “ба тавозуни умумии таъминот бо барқ дар кишвар таъсир намерасонад”, - зикр гардида буд дар хабар.

Ҳамин тариқ, дертар "ИНТЕРФАКС" бо истинод ба муовини намояндаи расмии ҳаракати “Толибон” Иномулло Самангонӣ навишт, ки Тоҷикистон мувофиқи созишномаи имзошуда бо Афғонистон соли 2022 ба ин кишвар 1,5 млрд кВт/соат неруи барқ интиқол медиҳад,  

Таъкид шуда буд, ки арзиши солонаи қарордодҳо мутаносибан 69 млн  ва 100 млн долларро ташкил медиҳад. Афғонистон барои 1 кВт/соат барқ 3 сент тариқи хати 110 кВ ва 4,5 сент - тариқи хати интиқоли барқи 220 кВ маблағ пардохт мекунад.

Тобистони соли гузашта, раиси ширктаи “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода гуфта буд, ки қарзи ширкати “Брешно”-и Афғонистон 28 млн долларро ташкил медиҳад.

Раҳбари ширкати “Барқи тоҷик” сабаби пайдо шудани қарзро бо мушкили интиқоли пул аз суратҳисобҳои DABS дар бонкҳои Афғонистон шарҳ дода буд ва роҳбарияти ширкати Афғонистон рӯйи ҳалли ин мушкилот чораҷӯӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар шаш моҳи аввали соли 2022 аз Тоҷикистон ба Афғонистон қариб 734 миллион киловат соат барқ содир шуда буд. Ин омор дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021, 276 миллион киловат соат бештар аст.

Тамдиди фурӯши барқ ба Афғонистон аз сӯи Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин кишвар то кунун барқарории ҳаргуна равобити расмӣ бо Толибонро инкор кардааст. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва шуморе аз мақомҳои ин кишвар, борҳо ба сароҳат аз қавмӣ будани режими Толибон интиқод карда ва хостори ташкили давлати фарогир бо ҳузури намояндагони ҳамаи ақвом дар Афғонистон шудаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.