Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд (БИР) оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфт, зимни мулоқот ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин замина мусоидат ба рушди инфрасохтор, татбиқи лоиҳаҳо оид ба бунёду таҷдиди роҳҳо, иншооти соҳаи энергетика, барқарорсозии низоми обёрӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои ҳамкории судманди ду ҷониб номида шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти таҳияву татбиқи Стратегияи шарикии байни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд, зарурати маблағгузории чорабиниҳои барқарорсозӣ пас аз бӯҳрони пандемия, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиётро муҳокима карданд.
Аз ҷумла, ин ба пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ, ки дар аксар маврид боиси хисороти зиёди иқтисодиву молӣ ва ҳатто талафоти ҷонӣ мегарданд, дахл дорад”, - гуфта шуд зимни вохӯрӣ.
Таъкид гардид, ки тайи давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон Бонки исломии рушд дар кишвари мо силсилаи лоиҳаҳои муҳимро амалӣ гардонидааст, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 620 млн долларро ташкил медиҳанд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар вохӯрӣ рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
“Хонаҳо таҳкурсӣ надошта ва фарсуда буданд”. Хисороти заминларза дар Кӯҳистони Мастчоҳ
Пешниҳоди авфи муҳоҷирони ихроҷшудае, ки ҷиноятҳои ночиз содир кардаанд
Футболбозони тоҷик бо мунтахаби Кувейт бозӣ мекунанд
13 ҷудокори тоҷик ба Анталияву Маскав мераванд
Фаъолияти радиои ВВС-и форсӣ пас аз 83 сол қатъ шуд
Ҳалокати 2 нафар дар Кӯлоб бар асари садамаи нақлиёти мошини боркаш
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Роҳбари боксчиёни ҷаҳон Умар Кремлёв зодаи Ҳисор будааст. Ӯ ба Ватан омад
Тӯйи арӯсӣ ва хатнасур барои оилаҳои камбизоат. Суратгузориш аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар Кӯлоб
Садамаи нақлиёт дар Левакант: ронандаи мошини дар канал ғарқшударо меҷӯянд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста