“Осиё кемикал” - яке аз калонтарин корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар ноҳияи Леваканд пурра сохта шудааст, аммо бо сабаби норасоии газ дар Ӯзбекистон ва интиқол наёфтани он, наметавонад ба кор оғоз кунад. Дар ин хусус Бунафша Файзиддинзода, раиси шаҳри Левакант 9-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, корхона барои оғози фаъолият омода аст ва роҳбарияти он тайёранд хати аввали истеҳсолиро ба кор андозанд, вале бинобар интиқол наёфтани гази Ӯзбекистон оғози фаъолияти он ба таъхир гузошта шудаст.

Раис гуфт, ҳоло онҳо умедворанд, ки газ дастрас мегардад ва дар наздиктарин муҳлат корхона ба кор андохта мешавад.

Бунафша Файзиддинзода
Asia-Plus

“Мо аз ин корхона умеди калон дорем. Ин корхона ба кор шуруъ кунад ба фоидаи шаҳр аст. Зеро дар он беш аз 700 нафар кор мекунанд ва ҳам ин корхона андозро сари вақт пардохт мекунад", - гуфт Бунафша Файзиддинзода.

Ёдовар мешавем, ки “Осиё кемикал” дар пайи харидории собиқ корхонаи Нуриҳои минералии "Азот" ташкил гардидааст ва ягона корхонаи Тоҷикистон нест, ки бинобар сабаби мушкили норасоии газ дар Ӯзбекистон, бо мушкил рӯбарӯ мегардад. Қаблан кори Маркази барқу гармидии №1-и Душанбе низ бинобар маҳдудияти интиқоли гази Ӯзбекистон ба мушкил печид ва дар сардиҳои ахир натавонист ба аҳолӣ ба таври кофӣ барқу гармӣ диҳад.

Он замон як масъули ин марказ гуфта буд, ки дар робита ба интиқоли газ ба Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, сарвазир ва Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи кишвар бо мақомоти марбутаи кишвари Ӯзбекистон гуфтушунид доранд. То ҳол маълум нест, ки ин гуфтушунид чӣ самар овард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.