Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон то ҳол бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” ва меҳмонхонаи маъруфи “Тоҷикистон”-ро, ки молики он “Тоҷиксодиротбонк” аст, нафурӯхтааст.
Қаблан, дар як музояда нархи ибтидоии бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” ҳудуди 12 миллион доллар ё 125 миллиону 265 ҳазору 630 сомонӣ ва бинои меҳмонхонаи “Тоҷикистон”, наздики 25 миллион доллар ё 225 миллиону 285 ҳазору 624 сомонӣ муайян шуда буд.
Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, имрӯз, 14-уми феврал дар нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли “Азия-Плюс” сабаби ба фурӯш нарафтани ин биноҳоро пайдо нашудани харидор унвон кард.
Ӯ гуфт, чанд маротиба музояда гузарониданд, вале аз сабаби гарон будани нархи музоядаи биноҳо харидор пайдо нашуд.
“Дар соли 2022 аз ҳисоби хусусигардонии амволи давлатӣ ба буҷет 34,5 миллион сомонӣ ворид шуд. Мутаассифона, барои харидории биноҳои “Тоҷисодиротбонк” ва меҳмонхонаи “Тоҷикистон” таваҷҷуҳ хеле кам аст. Мо корро дар ин самт идома дода истодаем”, - гуфт Қодирзода.
Номбурда илова кард, ки бо вуҷуди ин, аз 157 иншооти “Агроинвестбонк” ва 57 иншооти “Тоҷиксодиротбонк” беш аз 80 адади он фурӯхта шудааст ё ба иҷора дода шудааст.
“Вобаста ба баргардонидани қарзи давлатии ду бонк “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”, ки аз ҷониби ҳукумат барои онҳо қарз пешниҳод шуда буд, корбарӣ рафта истодааст. Мо якчанд иншооти ин ду бонкро тариқи музояда ба фурӯш гузоштем ва маблағ пурра ба суратҳисоби махсуси Вазорати молия гузаронида шуд”,- гуфт раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ.
Ӯ иттилоъ дод, ки дар соли 2022 дар маҷмӯъ, 8 иншооти "Агроинвесбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" ба маблағи беш аз 20 млн сомонӣ фурӯхта шуд.
Ба гуфтаи номбурда, аз ин панҷ иншоот ба маблағи беш аз 13,5 млн тариқи музояда ва 3 иншооти дигар тариқи шартномавӣ ба маблағи 9 млн сомонӣ фурӯхта шудааст.
Пайдо нашудани харидор барои меҳмонхонаи “Тоҷикистон” ва бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” дар ҳолест, ки тобистони соли гузашта ҳам Саъдӣ Қодирзода гуфта буд, ки барои фурӯши онҳо харидор наёфтанд.
Гуфта мешавад, ки масъули музоядаи бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк” ва меҳмонхонаи “Тоҷикистон” раёсати фурӯши амволи давлатии Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон буда, эълони он 25-уми майи соли равон нашр шудааст.
Тариқи музояда ба фурӯш гузоштани бинои асосии ду бонки пурмоҷаро ва меҳмонхонаи маъруф дар кишвар дар ҳолест, ки 21-уми майи соли 2021 Бонки милии Тоҷикистон иҷозатномаи фаъолияти ин ду бонкро бозхонда, бо ҳукми додгоҳ барои фурӯши амвол ва дороиҳои он мудири муваққат таъин кард.
Гуфта мешавад, ки маблағи фурӯши бинои асосии бонкҳо ва меҳмонхонаи “Тоҷикистон” барои пардохти қарзӣ муштариён сарф мешавад.
Моҳи декабри соли 2021 дар поёни як ҷаласаи парлумонӣ раиси Бонки милии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҳузури рӯзноманигорон гуфта буд, ки “Тоҷиксодиротбонк” 70 дарсади амонати муштариёнашонро баргардонидааст.
Теъдоди умуми амонтагузорони “Тоҷиксодиротбонк” 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳафт сол пеш “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” қариб нисфи бозори бонкии кишварро ишғол мекарданд.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста