Ширкатҳои мобилӣ ва таваҷҷуҳи бештари аҳолӣ ба он бозори ягона ширкати мухобиротии давлатии кишвар – ҶСК “Тоҷиктелеком”-ро дар вилояти Суғд касод кардааст. Ҳоло ин ширкат ба мушкили рӯёнидани қарзҳо ва тарки пеша кардани кормандонаш рӯбарӯ гардидааст. Дар ин бора Сӯҳроб Ғоибов, сардори ҶСК “Тоҷиктелеком” дар вилояти Суғд, 13-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки даромади асосии онҳо аз ҳисоби хидматрасонии телефонҳои хонагӣ буд ва ҳоло дар вилоят кам касон аз хидматрасонии ин ширкат истифода мекунанд.
“Танҳо дар шӯъбаи байнишаҳрии шаҳри Хуҷанд зиёда 200 нафар корманд (телефонистка) фаъолият доштанд ва корашон хеле зиёд буд. Ҳоло дар ин шуъба ҳамагӣ 4 нафар кор мекунанд ва хубкифо намебошанд. Сабаби ин, ширкатҳои мобилӣ аст”, - гуфт Сӯҳроб Ғоибов.
Ба қавли ӯ ҳоло шаҳрвандони хориҷӣ ҳам вақте ба Тоҷикистон меоянд, симкортҳои муваққатӣ мегиранд ё барқияву факсро истифода мекунанд ва кам касон аз телефонҳои ноқилӣ истифода мебаранд. Онҳое ҳам, ки истифода мекунанд, на ҳамеша маблағи хидматрасониро саривақт пардохт менамоянд.
Аз ин лиҳоз, айни ҳол қарзи дебитории ҶСК “Тоҷиктелеком” дар вилояти Суғд 1 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
“Ҳам шаҳрвандон ва ҳам идораҳои давлатӣ аз ширкати мо қарздоранд. Танҳо Вазорати мудофиа зиёда аз 120 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Инчунин Раёсати маориф, ҳукумати маҳаллӣ ва дигар сохторҳо низ қарзҳои худро пардохт накардаанд”, - гуфт Сӯҳроб Ғоибов.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста