Коршиносон суръати пасти интернет, молиёти гарон ва қонунгузории мураккабро аз монеаҳои аслӣ барои роҳандозии лоиҳаҳои нави тиҷоратӣ ё стартапҳо медонанд.
Маркази таълимии “Илмхона” яке аз намунаҳои стартапи муваффақ дар Тоҷикистон аст.
Ин як маркази омӯзишӣ буда, барномасозӣ ва тарроҳиро таълим медиҳад. Инчунин, марказ барои рушди ҷомеаи технологӣ чорабиниҳои гуногунро созмон медиҳад.
Яке аз муассисони ин марказ, хатмкардаи Донишгоҳи Оксфорд Фаррух Умаров дар суҳбат бо CABAR.asia гуфт, идеяи таъсиси “Илмхона” пас аз таҷрибаомӯзӣ дар Исроил пайдо шудааст.
“Он вақт дар Исроил 13 ҳазор мутахассис намерасид, ҳарчанд ин кишвар мисли Тоҷикистон хурд аст. Фикр кардам, чаро дар кишвари мо ба мутахассисон чунин талабот нест? Ҳатто агар ҳоло чунин талабот вуҷуд надошта бошад ҳам, ҳатман баъдтар пайдо мешавад”,- мегӯяд Умаров.
Баъди ба Тоҷикистон баргаштан ва пас аз мулоқот бо ҳамфикрон ва ҳаммуассисони оянда – Шуҳрат Шарифов ва Фирдавс Абдуназаров маркази таълимии “Илмхона”-ро таъсис доданд.
Онҳо аз шарикони байналмилалӣ, аз қабили ЮНИСЕФ, ЮСАИД ва ғайра ёрии молӣ мегиранд.
“Мо аз онҳо пул хостем то дар марҳилаи аввал моро дастгирӣ кунанд. Онҳо дар чаҳорчӯби лоиҳаву барномаҳои гуногун ба мо ёрӣ мерасонанд”,- таъкид мекунад Фаррух Умаров.
“Мо як созмони тиҷоратие ҳам дорем, ки ба сохтани сомонаҳои интернетӣ ва замимаҳои мобилӣ машғул аст, инчунин як ширкати марбут ба ТИК, ки дар онҳо аллакай худмаблағгузорӣ мекунем, яъне аз ҳисоби худи ин лоиҳаҳо корро пеш мебарем”,- қайд мекунад Умаров.
Ба гуфтаи ӯ, дар давраи пандемия дарёфти маблағ аз донорҳо барои “Илмхона” мушкилтар шуд. Он вақт онҳо ширкати “Beehive design and development”-ро таъсис додаанд, ки ба таҳияи вебсайтҳои рақамӣ ва барномаҳои мобилӣ машғул аст.
Фаррух Умаров афзуд, мушкили аслӣ ҳангоми таъсис додани “Илмхона” молиёти гарон, интернети гаронарзиш ва пастсифат, инчунин набудани кадрҳои хуб барои рушди “экосистемаи стартап” буд.
“Дар Тоҷикистон қонунгузорӣ вобаста ба маблағгузории венчурӣ муқаррароте надорад. Ин бошад, яке аз муҳимтарин унсурҳо дар экосистемаи стартапҳо мебошад. Яъне, вақте инсон як идеяи хуб дорад ва онро амалӣ кардан мехоҳад, ба пул ниёз дорад. Ва барои ин дар кишварҳои пешрафта фондҳои венчурӣ ҳаст, ки ба лоиҳаҳои гуногун сармоягузорӣ мекунанд”,-илова намуд Умаров.
Дар ҳамин ҳол, дар кишвар стартапҳое ҳастанд, ки пас аз қатъ шудани маблағгузорӣ корашонро қатъ карда, ҳоло ҳам интизори сармоягузорон ҳастанд. Аз ҷумла, чанд моҳ пештар хабаргузории “Азия-Плюс” навишта буд, ки се ширкати нав дар Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи сармоягузор ҳастанд.
Аз як стартапи хурд то бонки бузург
Абдулло Қурбонов, ҳаммуассиси “Алиф Бонк” мушкили аслӣ дар самти роҳандозии стартапҳоро мизони баланди андозбандӣ унвон кард.
«Алиф» соли 2014 ҳамчун ташкилоти маблағгузории хурд таъсис ёфт. Соли 2020 Бонки миллии Тоҷикистон мақоми онро ба сатҳи як бонки мукаммал боло бурд.
Ин бонк соли 2014 ҳамагӣ бо се корманд фаъолияташро оғоз кард, ҳоло дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз 800 корманд дорад. Соли 2021 “Fintech Finance News” арзиши умумии бозории “Алиф Банк”-ро 100 миллион доллар арзёбӣ кард.
Қурбонов мизони андозбандии Ӯзбекистонро бо Тоҷикистон муқоиса карда, гуфт, агар “Алиф” ба як барномасоз 100 доллари амрикоӣ маош диҳад, онҳо дар Ӯзбекистон ҳудуди 8 доллар ва дар Тоҷикистон ҳудуди 60 доллар андоз месупоранд.
Ӯ мегӯяд, соли гузашта пас аз қабули тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Тоҷикистон то андозае мизони андоз коҳиш ёфт. Аммо ба гуфтаи Абдулло Қурбонов, ин коҳишёбӣ чандон назаррас набуд ва ҳаҷми умумии андоз ҳамагӣ 10% кам шудааст.
“Дар се сол “Алиф” дар Ӯзбекистон роҳеро тай кард, ки дар Тоҷикистон 8 сол тӯл кашид. Он ҷо на танҳо бозор калонтар аст, балки қоидаҳои кор содатаранд ва имкон медиҳанд, ки стартапҳо зудтар рушд кунанд”,- афзуд Қурбонов.
Фозил Фатҳуллоев, шореҳи иқтисодӣ, ки вазъи стартапҳоро дар кишвар мушоҳида мекунад, ба CABAR.asia гуфт, аксари стартапҳое, ки ҳоло вуҷуд доранд, дар хориҷ аз Тоҷикистон таъсис шудаанд. Ҳатто агар ин лоиҳаҳо дар кишвар роҳандозӣ шуда бошанд ҳам, ин раванд бо душвориҳои зиёд сурат гирифтааст.
“Ман шахсан шоҳиди он будам, ки чӣ гуна даҳҳо стартап дар пайи санҷишҳои беҳуда, ришвахорӣ ва тамаъҷӯии ниҳодҳои давлатӣ ба муфлисӣ кашида шуданд. Дар натиҷа, муаллифони ин стартапҳо ё ба хориҷи кишвар рафта, ба комёбӣ даст ёфтанд ё стартапҳоро фурӯхтанд”,- изҳори нигаронӣ мекунад Фатҳуллоев.
Вазъи бади иқтисодӣ, нарасидани кадрҳо, монополизм, набудани шароити мувофиқ барои оғози кори стартапҳо низ аз омилҳоеанд, ки садди рушди онҳо мегарданд.
Зайтуна Сайдуллоева, сарвари ширкати “Beehive Design and Development” ба CABAR.asia гуфт, Тоҷикистон ҳарчанд ба оҳистагӣ, аммо хеле дуруст ба сӯи рушди стартапҳо пеш меравад. Бо вуҷуди ин, барои рушд дастгирии давлат зарур аст.
“Ёрии давлат барои стартапҳо ҳамеша эҷоди экосистемаи мусоид барои ба вуҷуд омадани стартапҳо мебошад. Эҷоди имтиёзҳои андозӣ барои ҳама банди хароҷот, экосистемаи мусоид ва бехатар барои сармоягузорӣ дар кишвар, имтиёзҳо барои бонкҳое, ки ба лоиҳаҳои нав маблағ ҷудо мекунанд ва ғайра”, – мегӯяд Сайдуллоева.
Вай бовар дорад, ки ифтитоҳи IT-паркҳо ба рушди стартапҳо такони ҷиддие мебахшанд.
“Ифтитоҳи IT-парк маънои додани карт-бланши пурра ба стартапҳо ва озодии эҷод ва сохтани иқтисоди рақамиро дорад. Иқтисоди рақамӣ барои Тоҷикистон хеле муҳим аст, зеро бар иловаи сарчашмаҳои дигари даромад он лояи дигареро ба буҷети кишвар ташкил хоҳад дод”, – андеша дорад Сайдуллоева.
“Мо ҳоло дар ҳолати камолот ҳастем, баъзе заминаҳои технологӣ аллакай дар ҳоли ташаккул ҳастанд, фаҳмиш ва мантиқи стартапҳо вуҷуд дорад ва аз ҳама муҳимтараш ин аст ки мардум ниёзмандӣ ба технологияҳои навро эҳсос мекунанд”, – мегӯяд Сайдуллоева.
Тоҷикистон ба кадом стартапҳо ниёз дорад?
Ҳоло бештар созмонҳои байналмилалӣ тавассути дастгирии молии соҳибкорони ҷавон ба рушди стартапҳо дар кишвар машғул ҳастанд. Аз ҷумла Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, “Peak Tajikistan”, “Startup Go”, “Accelerate Prosperity” ва ғайра.
Масалан, танҳо «Peak Tajikistan» дар тӯли фаъолияти худ тақрибан 100 стартапро дастгирӣ кардааст. Ҳаҷми аз ҳама болотари маблағгузорӣ барои стартапҳо аз ҷониби “Accelerate Prosperity” 50 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар сатҳи ҳукумат танҳо муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” ба соҳибкорони навкор кӯмак мерасонад.
Ба гуфтаи Масрур Ишанов, муовини сарвари кулли “FIFTYFIVE GROUP” оид ба масъалаҳои инноватсия, “дар Тоҷикистон намунаи хуби стартапи муваффақ “Алиф” мебошад”.
Дастаи “Алиф” “фикри мардумро дар бораи пардохтҳои ғайринақдӣ тағйир дод” ва дастрасии мардумро ба низоми бонкӣ, бахусус қарзҳо осон кард.
“Ба назари ман, онҳо роҳи душвори рушдро интихоб карданд, вале дар ниҳоят ба шарофати дастаи хуб аз уҳдаи ин вазифа баромаданд”, – афзуд Ишанов.
Илова бар ин, “Стартап-Чойхона”, “Start-up Weekend Tajikistan”, “Start-up Weekend Women Tajikistan” ва ғайра амал мекунанд, ки соҳибкорон гирди ҳам омада, табодули афкору таҷриба мекунанд.
Ба гуфтаи Сабоҳат Дӯстова, сарвари PEAK Tajikistan, стартапҳое ки дастгирӣ ёфтаанд, тамоюли мусбатро нишон медиҳанд. Ба ҳисоби миёна, даромади онҳо 83% меафзояд, 81 ширкат ба тиҷорати худ навоварӣ ворид кардаанд ва 80% стартапҳо ба рушди устувор ноил шудаанд. Илова бар ин, 801 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.
“Миёни чунин стартапҳо метавонем бо ифтихор аз Yalla, ширкати логистикии “Мавсим и К”, энергияи алтернативӣ “Технологияхои Сабз”, лоиҳаи “Павловния”, ташкилоти ҷамъиятии “Рушди Диёр” ва ғайра ном бигирем”, – афзуд Дӯстова.
Ба гуфтаи Зайтуна Сайдуллоева, стартапҳо бештар дар бахшҳои хадамот, edtech (технологияҳои таълимӣ), fintech (технологияҳои молиявӣ), medtech (технологияҳои тиббӣ) ва кишоварзӣ муаррифӣ мешаванд. Инчунин лоиҳаҳое вобаста ба роботикунонии равандҳо ва истеҳсолот вуҷуд доранд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони соҳа таъкид мекунанд, ки феълан Тоҷикистон ба стартапҳое, ки ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва технологияҳои кишоварзӣ нигаронида шудаанд, сахт ниёз дорад.
Абдулло Қурбонов стартапҳои марбут ба соҳаи “education technology” (технологияҳои таълимӣ), бахусус “health education technology” (технологияҳо дар таҳсилоти тиббӣ) ва стартапҳои технологиро дар соҳаи тандурустӣ барои Тоҷикистон муҳим медонад. Ба андешаи ӯ, роҳандозии чунин стартапҳо метавонад мушкилоти зиёде, аз ҷумла аз кишвар рафтани кормандони соҳаи тибро ҳал кунад.
Дар ҳамин ҳол, Фозил Фатҳуллоев мегӯяд, ҳоло мардум ба стартапҳои таҳвили доруворӣ, мактабҳои аниматсионӣ барои ҳаводорони эҷоди бозиҳои компютерӣ ва кинофилмҳо ниёз доранд.
Ба гуфтаи ӯ, бештари стартапҳои муваффақе, ки имрӯз дар Тоҷикистон хидмат мерасонанд, дар хориҷ, аз ҷумла дар Узбекистон, Амрико ва кишварҳои аврупоӣ таъсис ёфтаанд.
Миёни онҳо мағозаҳои интернетии www.alibobo.tj, www.dastras.tj ҳастанд, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ бомуваффақият фаъолият доранд.
Дар аввал онҳо асосан ба фурӯши гаҷетҳои босифат машғул буданд, ахиран доираи фаъолияти худро васеъ кардаанд.
“Чунон ки инсон ба кислород ниёз дорад, Тоҷикистон ба стартапҳо дар бахши иқтисоди рақамӣ ниёз дорад. Агар мутахассиси ТИК ҳадди ақал як стартап бо даромади 10 миллион сомонӣ (ҳудуди 980 ҳазор доллари амрикоӣ) таъсис диҳад, такони ҷиддие ба рушди ин соҳа мешавад”,- афзуд Фатҳуллоев.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста