Даромади ширкатҳои хусусии алоқаи Тоҷикистон дар соли 2022 ҳудуди 3 млрд 630 млн сомонӣ (333 млн доллар)-ро ташкил дод, ки 14,9% зиёдтар нисбат ба соли 2021 мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.
Даромади оператори миллии алоқаи “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи тоҷик” ва воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамагӣ ҳудуди 197 млн сомонӣ (ҳууди 20 млн доллар)-ро ташкил додааст, ки 17,2% зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст.
Даромади умумии ширкатҳои мобилии ҷумҳурӣ дар соли гузашта зиёда аз 3,7 млрд сомониро ташкил дода, 15,1% афзуд.
То 1-уми январи соли 2023 шумори корбарони Интернет 3,8 млн нафар ва муштариёни алоқаи мобилӣ беш аз 6,5 млн нафарро ташкил дод, ки наздики 6,4 млн нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.
Шумори дастгоҳҳои статсионарии телефони низоми “Тоҷиктелеком” то аввали моҳи январи соли равон зиёда аз 273 ададро ташкил дода, беш аз 84% (ҳудуди 230 ҳазор)-и он телефонҳои хонагӣ мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, дар радабандии навшудаи Speedtest Global Index (натиҷаҳои моҳи январи соли 2023) аз рӯи суръати интернети васеъхати сабтшуда байни 180 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаи 109-ум қарор дорад.
Суръати миёнаи боргирӣ (скачивание)-и интернети ноқилӣ дар ҷумҳурӣ 29,97 Мб/с ва боргузорӣ (загрузка) – 34,29 Мб/с зикр шудааст.
Аз рӯи суръати интернети мобилӣ бошад, Тоҷикистон миёни 141 кишвар дар зинаи 134-ум қарор дорад.
Муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 30 январ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки минбаъд беҳтар кардани суръати интернет ва поин бурдани нархи он ба нақша гирифта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, Хадамоти алоқа қасд дорад дар асоси дастури раисиҷумҳур барои рушди соҳаи иртиботот, таъмини интернети баландсуръат, коҳиши арзиши он ва ҷалби сармоягузорон ба ин соҳа бо ин масъала машғул шавад.
Илҳом Атоев илова намуд, ки айни ҳол аз ҳисоби мутахассисон ва муҳандисони соҳа ситоди доимӣ таъсис дода шудааст.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон аз сифат ва суръати интернет дар кишвар изҳори норозигӣ карда буд. Президент дар паёми худ ба парлумон гуфт: “Сайёҳон асосан ба куҷо мераванд? Ба ҷое, ки интернети хуб вуҷуд дорад”.
Сипас, ба Хадамоти алоқа дастур дод, ки дар якҷоягӣ бо ширкатҳои мобилӣ ва воридкунандагони интернет ҷиҳати беҳтар кардани сифат ва коҳиши арзиши алоқаи мобилӣ ва интернет чораҳои зарурӣ андешанд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста