Корхонаи истеҳсоли атласу адраси “Атласи Хуҷанд” дар соли 2023 таъсиси корхонаи муштараки “Самарқанд-Суғд Силк”-ро бо нассоҷони Ӯзбекистон дар нақша дорад.
Тавре ки Sugdnews хабар медиҳад, ба гуфтаи директори “Атласи Хуҷанд” Азимҷон Ғафуров, ин ҷо дар бораи муттаҳид шудан бо корхонаи Ӯзбекистон, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли риштаи абрешим машғул аст, сухан меравад.
Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кардааст, ки “Атласи Хуҷанд” то ин дам аллакай дар фаъолияти муштарак таҷриба дорад, аз ҷумла бо ширкати "LTD Bezema"-и Швейтсария ҳамкориҳо роҳандозӣ шудааст.
Ба иттилои Ғафуров, айни замон дар корхона 120 навъи атлас ва 34 навъи адрас истеҳсол мешавад. Ҳамасола дар як баст зиёда аз 50 мутахассис ва коргарон 50 ҳазор метр матоъ истеҳсол мекунанд.
Бо тавсеаи имконоти “Атласи Хуҷанд” ва таъсиси корхонаи муштарак бо ширкати Самарқанд, Тоҷикистон метавонад дар роҳи эҳёи соҳаи кирмакпарварӣ як қадами бузурге ба пеш гузорад.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, тайи солҳои охир истеҳсоли пилла - ашьёи хоми асосии абрешим дар ҷумҳурӣ кам шуда истодааст.
Соли 2022 дар ҷумҳурӣ каме бештар аз 378 тонна пилла истеҳсол шудааст, ки 13,9% камтар нисбат ба соли пешин аст. Барои муқоиса: соли гузашта дар Ӯзбекистон зиёда аз 25 ҳазор тонна пилла истеҳсол шудааст.
Тибқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон, ҳаҷми истеҳсоли пилла бояд то 1300 тонна дар як сол зиёд карда шавад.
Дар Тоҷикистон тайи 30 соли охир истеҳсоли пилла қариб 12 баробар кам шуд. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 1991 дар Тоҷикистон 4 ҳазору 528 тонна пилла истеҳсол шуда буд.
Дар Барномаи нави рушди ин соҳа барои солҳои 2021-2024 обод кардани майдони тутзорҳо, нигоҳдорӣ ва афзоиши ҳосили дарахтони тут, бунёди тутзорҳои нав пешбинӣ шудааст, ки захираҳои зиёди молиявиро талаб мекунад.
Бо мақсади таҳкими заминаи хӯрокаи кирмак дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ то соли 2024 шинонидани 4 млн 375 ҳазор бех ниҳоли тут ва бунёди 180 гектар тутзорҳои нав дар назар аст.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста