Ҳаҷми захираҳои тиллои кишварҳои сарватманди ҷаҳон, давлатҳои Осиёи Марказӣ ва нархи ҷаҳонии тилло мушаххас намудем.
Маълумотҳо оид ба Русия барои январи соли 2022, Швейтсария барои октябри 2022 мебошад. Дар бораи давлатҳои дигар маълумотҳо барои моҳи ноябри 2022 мебошад.
Манбаъ: Шӯрои байналмилалӣ оид ба тилло (World Gold Council, WGC)
Маълумотҳо оид ба Тоҷикистон барои моҳи октябри соли 2022, оид ба дигар давлатҳо барои моҳи ноябри соли 2022.
Манбаъ: Шӯрои байналмилалӣ оид ба тилло (World Gold Council, WGC)
Баландтарин нархи тилло дар таърихи нархгузорӣ 6 августи соли 2020 - 2078 доллар барои як унсияи троянӣ, сабт шудааст.
Манбаъ: Global Finances
Захираи тиллои Тоҷикистон
Тиллои пулии Тоҷикистон дар Бонки миллӣ ва Вазорати молия қарор дорад, дар бораи ин захираҳо ба намояндагони ВАО ҳеҷ гуна маълумот дода намешавад.
Тиллои пулӣ - тиллоест, ки дар шакли тангаҳо ва зарфҳо ё сабикаҳо нигоҳ дошта шуда, софии он 995 то 1000 аст ва он ба бояд ба талаботи стандарти ҷаҳонии Good Delivery ҷавобгӯ бошад.
Он одатан аз ҷониби бонкҳои марказӣ ва / ё вазоратҳои молияи кишварҳои ҷаҳон идора карда мешавад.
Захираҳои тилло
Бино ба иттилоъи Саридораи геологияи Тоҷикистон, дар қаламрави кишвар беш аз 150 кони тилло кашф шудааст, ки бештари онҳо ба таври зарурӣ омӯхта нашудаанд.
Захираҳои нисбатан калони тилло дар шимол ва маркази кишвар, инчунин дар ҷануби Помир ҷойгиранд.
Маълумоти боэътимод дар бораи 28 кон мавҷуд аст, ки захираҳои тиллои кашфшуда онҳо 450 тонна арзёбӣ мешаванд (тақрибан 200 тонна тасдиқ шудааст).
Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тотористон, дар ҷумҳурӣ 137 кони тиллои саноатии ҳисобшуда ва 127 кони тиллои ғайрисаноатӣ мебошад.
Истихроҷи тилло
Кони Тарор, ки дар 44-километрии шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, захираҳои аз ҳама бештарро дорад. 10 км дуртар аз ин кон, кони дигаре бо номи Ҷило ҷойгир аст. Ин конҳоро корхонаи муштараки тоҷику чинии “Зарафшон” коркард мекунад, ки 75 дарсади саҳмияҳои он ба сармоягузорони чинӣ тааллуқ дорад. Ин корхона то 70 дарсади тавлиди тилло дар кишварро дар бар мегирад.
Ҳамчунин, аз ҷумлаи тавлидкунандагони нисбатан бузурги тилло дар кишвар корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада “Апрелевка”, корхонаи давлатии “Тиллои тоҷик”, артели “Одина”, ширкати “Пакрут” (корпоратсияи чинии China Nonferrous Metal International Mining Co., Ltd. бо соҳибияти саҳмияҳои пурра) мебошанд.
Дар маҷмӯъ, дар кишвар беш аз 10 ширкат ба истихроҷи тилло машғуланд.
Истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон аз 2 тоннаи соли 2014 дар соли 2019 қариб ба 8,1 тонна афзоиш ёфтааст.
Маълумот дар бораи истихроҷи тилло аз соли 2020 пешниҳод нашудааст.
Илова бар ин, аз соли 2020 мақомот ба афроди алоҳида иҷозаи истихроҷи маъданҳои зеризаминӣ, аз ҷумла тиллоро дар манотиқи алоҳидаи кишвар додаанд.
Мувофики маълумоти Вазорати молия, дар се сол кариб 7 хазор нафар барои истихроҷи тилло ичозат гирифтаанд ва ба давлат зиёда аз 34 кг тилло фурӯхтаанд.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста