Созишномаи дахлдор байни давлатҳо дар доираи сафари ҳайати Қазоқистон таҳти сарварии муовини аввали вазии савдо ва ҳамгироии ин кишвар Арман Шаккалив ба ҷумҳурӣ ба имзо расид, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.

Рӯзи 3 март муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо муовини якуми вазири савдо ва ҳамгироии Қазоқистон Арман Шаккалиев дидору гуфтушунид кард: ҷонибҳо дар бораи ҳамкории минбаъда дар бахши кишоварзӣ изҳори назар карданд.

Зикр шуд, ки имкониятҳои соҳаи кишоварзии Тоҷикистон хеле зиёд буда, барои рӯёнидани ҳосили зиёд ва сифатнок, инчунин кишти барвақтиву такрорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, таъсиси фермаҳои чорводорӣ ва парандапарварӣ шароити мусоид мавҷуд мебошад.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати бастани шартномаи тарафайн оид ба содироти гандум ва орд аз Қазоқистон ва таҳвили сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла пиёз аз Тоҷикистон иброз намуданд.

Сурат: Вазорати кишоварзии ҶТ

Нархи пиёз дар ҳама ҷо боло рафт

Қобили зикр аст, ки имсол дар Қазоқистон нархи пиёз ба андозаи 22% - то 400 танга (10 сомонӣ тибқи қурби имрӯза) боло рафт.

Бино ба маълумоти оморӣ, дар Тоҷикистон низ нархи он зиёд шуд: дар моҳи январ нархи пиёз ба андозаи 31,6% боло рафт.

Агар дар моҳи декабри соли 2022 нархи 1 кило пиёз ба ҳисоби миёна 3,5 сомониро ташкил медод, дар моҳи январ он аллакай 10-12 сомонӣ нарх дошт.

Тавре ки мақомот хабар доданд, ба болоравии нарх обуҳавои номусоид ва талафи қисмате аз ҳосил дар анборҳо бар асари сардии ҳаво сабаб шудааст.

Лекин дар аввали моҳи март нархи пиёз ба поинравӣ оғоз намуд, зеро дар ин вақт нигаҳдории он ғайриимкон аст.

Истеҳсолкунандагоне, ки ҳосили пиёзро дар анборҳо нигоҳ медоранд, талош доранд онро зудтар фурӯшанд, то ки вайрон нашавад.

Пас аз як моҳ дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ оғоз гардида, он боз ба поинравии нархи он мусоидат мекунад.

Имсол майдони кишти пиёз то 17 ҳазор гектар зиёд карда шуд. Ҳосили пиёз дар мавсим бояд 747 ҳазор тоннаро ташкил диҳад.

Ба ин тариқ, тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод, Тоҷикистон натанҳо талаботи аҳолиро қонеъ месозад, балки метавонад барзиёдатии онро ба хориҷи кишвар содир кунад.

Талаботи солонаи Тоҷикистон ба пиёз дар ҳудуди 250-300 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад.

Айни замон содироти пиёз аз ҷумҳурӣ манъ аст, лекин бо пайдо шудани ҳосили аввал он метавонад бекор карда шавад.

Соли гузашта то манъи содирот, истеҳсолкунандагони Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 66 ҳазор тонна пиёз интиқол доданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.