Дар зарфи 2 моҳи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 6,8 млн доллар неруи барқ интиқол дода шуд, ки қариб 32% (1,6 млн доллар) зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад, хабар медиҳад Агентии омор.

Аммо ҳаҷми интиқол дар моҳи феврал нисбат ба моҳи пешин қариб 42% кам шуд - аз 4,3 млн доллар дар моҳи январ то 2,5 млн доллар дар моҳи феврал.

Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, соли 2022 аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар ба маблағи беш аз 106 млн доллар неруи барқ интиқол дода шудааст, ки 10,6% зиёдтар нисбат ба соли 2021 мебошад.

Бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, мутобиқи қарордодҳои имзошуда, неруи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон (муддати тамоми сол) ва дар давраи баҳору тобистон (моҳҳои май-август) - ба Ӯзбекистон интиқол меёбад.

Тибқи қарордод бо ширкати Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон барои соли 2022, дар мавсими тобистон ба истеъмолгарони ин кишвар шабонарӯзӣ то 400 МВт (моҳҳои май-апрел) барқ интиқол ёфта, дар мавсими тирамоҳу зимистон (сентябр-апрел) ҳаҷми он 10 баробар - то 40 МВт кам карда мешавад.

Аммо имсол ба кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон дар фасли зимистон низ неруи барқ интиқол дода шуд.

Моҳи январи соли равон хадамоти матбуоти “Шабакаҳои барқии минтақавӣ”-и вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон хабар дод, ки дар шароити сармои шадид барои таъмини мунтазами аҳолӣ ва иншооти соҳаи иҷтимоӣ бо барқ, “интиқоли иловагии барқ” аз кишвари ҳамсояи Тоҷикистон оғоз гардид.

Раҳбарияти ширкати “Барқи тоҷик” инро ба омода кардани низоми энергетикии Тоҷикистон барои ҳамроҳшавӣ ба Низоми муттаҳидаи электроэнергетикии Осиёи Марказӣ маънидод кард.

Дар ҳамин ҳол, ба сокинони деҳоти Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози мавсими тирамоҳу зимистон ба таври маҳдуд барқ интиқол дода мешавад.

Ширкати “Барқи тоҷик” муддати зиёд ҷорӣ шудани маҳдудиятро инкор мекард, лекин охири моҳи январ дар бораи аз 1 феврал ҷорӣ гардидани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ бар асари норасии захираҳои обиву энергетикӣ хабар дод. Маҳдудият танҳо ба шаҳрҳои нисбатан бузурги ҷумҳурӣ дахл надошт.

Айни замон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ё худ лимит қисман бекор шудааст, ҳарчанд аз ҷониби сохторҳои дахлдор расман дар ин бора эълон садо надодааст.

Тавре ки аз шабакаҳои барқи минтақавии вилоятҳои Хатлон ва Суғд хабар доданд, айни замон дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд реҷаи маҳдуди истифодаи барқ вуҷуд надошта, барқ ба истеъмолгарон шабонарӯзӣ интиқол дода мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.