Миёни Тоҷикистон ва Молдова корхонаҳои муштарак ва нуқтаҳои савдои маҳсулоти агросаноатӣ таъсис мешавад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, ин тасмим зимни мулоқоти Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Молдова бо Сергей Харя, президенти Палатаи савдо ва саноати Молдова гирифта шудааст.
“Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ибрози назар намуда, ба тақвият додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва саноативу кишоварзӣ диққати махсус зоҳир намуданд”, - омадааст дар хабар.
Ҷонибҳо гуфтаанд, ки барои тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд ҳарду давлат зарфияти васеъ ва имкониятҳои истифоданашуда доранд.
Ин ниҳоди Тоҷикистон менависад, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштарак ва нуқтаҳои савдои маҳсулоти агросаноатӣ зарур дониста шуд.
Ҳамин тавр, ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки форумҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Молдова баргузор кунанд. Аммо маълум нест, ки ин форум кай баргузор мешавад.
Дар ин баробар, Давлаталӣ Назризода бо Даниэлла Мисайл-Никитин, котиби давлатии Вазорати корҳои дохилии Молдова мулоқот карда, масъалаи “муҳоҷирати меҳнатӣ”-ро низ мавриди баррасӣ қарор додааст.
Ҷонибҳо ба мақсади таҳким ва рушди ҳамкориҳо байни мақомоти марбутаи ду кишвар васеъ кардани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро дар ин самт муҳим арзёбӣ намудаанд.
Ёдовар мешавем, кишвари Молдова бераводид муҳоҷирони тоҷикро қабул мекунад.
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Дар Тоҷикистон ҳудуди 100 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ шуд
ВАО: Дар Русия зиндониён аз Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба даст кашидан аз шаҳрвандӣ ва ба ҷанг рафтан маҷбур мекунанд
Иҷозатномаи электронӣ барои ҷашну маросим. Ин чӣ аст ва онро чӣ гуна метавон ба даст овард?
Ба корхонаҳои Хоҷагии манзилию коммуналӣ 4 млн доллар қарзи андозро бахшиданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста